Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Кўлоб

13.06.2010 14:00, шаҳри Кӯлоб

Аз ноҳияи Муъминобод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кўлоб омада, дар 6 маҳаллаи нави аҳолинишин бо рафти сохтмони 600 хонаи истиқоматӣ, ки барои мардуми дар натиҷаи офати табиӣ бехонамонда сохта мешаванд, аз наздик шинос шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тамоми бинокоронро, ки аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои мухталифи ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва ширкатҳои соҳибкорони хусусӣ ба ин ҷо сафарбар шудаанд, ба кори софдилона ва хушсифат ҳидоят намуд. Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон «ин беҳтарин хайру садақоти саховатмандон хоҳад буд, зеро оилаҳое, ки баъди он мусибати гушношунид дар ин ҷо соҳиби хона мешаванд, то рўзе ҳастанд ба онҳо дуои хайр мекунанд». Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки то 25 августи соли равон ҳамаи хонаҳо бо тамоми ашёву асбоби рўзгор барои ба зарардидагон тақдим намудан омода карда шаванд.

Якчанд хона, ки сохтмонашон аллакай ба поён расидааст, худи ҳамон рўз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибонашон тақдим карда шуданд. Ду тои ин хонаҳо аз ҷониби ноҳияи ҳисор ва як тоаш бо қувваи бинокорони вилояти Суғд бунёд ёфтааст. Аз ҷониби вилояти Суғд умуман бояд 40 хона сохта шавад ва сохтмони 130 хонаро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ўҳда гирифтааст. Боқӣ хонаҳо аз тарафи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои мухталифи ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва ширкатҳои соҳибкорони хусусӣ бунёд меёбанд.

Дар сохтмони ин хонаҳо зиёда аз 3 ҳазору 600 бинокорон иштирок доранд, ки аз ним зиёди онҳо аз худи шаҳри Кўлоб мебошанд. қисмати зиёди онҳо дар ин ҷо хонаҳоро барои худ созанд ҳам, барои ин ҳамчунин маош мегиранд, ки дар ҳолати имрўза баҳри онон кўмаки хуб аст. қариб 2 ҳазор нафари дигар дар соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар ҷойҳо соҳиби кору маоши хуб гаштаанд.

Дар қитъаи дуюми маҳаллаи нав миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мўйсафеди нобинои 89 – сола Башар Ғуломов, ки ба кўмаку дастгирӣ ниёз дорад, сўҳбати басо ҷолибу дилнишин сурат гирифт. Ин сўҳбати ширин бо он анҷом ёфт, ки ў низ дар қатори аҳолии аз офати табиӣ зарардида бо лутфу меҳрубонии Сарвари давлат соҳиби хонаи нав хоҳад шуд.

Дар ҳамин мавзеъ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санги асоси як мактаби нави замонавиро, ки барои 1200 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, гузошта, таъкид намуд, ки он то моҳи сентябри соли оянда, яъне то 20 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо беҳтарин шароити таълиму тарбия сохта, ба истифода дода мешавад.

Зимни боздиди Сарвари давлат маълум шуд, ки баҳри бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ корҳои зиёд ба сомон расидаанд. Бо вуҷуди ин, ба гуфти Президенти мамлакат, «тадбирҳои анҷомёфта ҳанўз қонеъкунанда нестанд».

Аз ин хотир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин баҳри боз ҳам беҳтар кардани сифати корҳои сохтмонӣ, бартарафсози оқибатҳои офати табиӣ, ғамхорӣ ба аҳолии зарардида ва анҷом додан дигар корҳои зарурӣ як қатор дастуру ҳидоятҳои иловагӣ дод.

Хотиррасон бояд намуд, ки обхезии аз ҳама калон дар шаҳри Кўлоб шаби 6 – ум ба 7 – уми майи соли равон дар натиҷаи борони шадиди тўлонӣ ва омадани сел рух дода буд, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва хисороти калони моддӣ шуда, ҳазорон нафар сокинони ин кўчаро бе сарпаноҳ монда буд. ҳамчунин месазад ёдовар шуд, ки рўзи 7 – май Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври таъҷилӣ ба ин ҷо сафар карда, бо аҳволи мардум аз наздик шинос шуда буд ва барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибати офати табиӣ қувваи зиёд аз сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва техникаю механизмҳои сершуморро сафарбар карда буд.

Ин аст, ки имрўз кор дар ҳама ҷо муташаккилона ва бо суръату сифати баланд ба роҳ монда шудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520