Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони шаҳрҳои Кўлобу Панҷакент ва ноҳияҳои Шўрообод, Мўъминобод , Восеъ, Темурмалик ва Ғончӣ

11.05.2010 15:00

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳрҳои Кўлобу Панҷакент ва ноҳияҳои Шўрообод, Мўъминобод , Восеъ, Темурмалик ва Ғончӣ оид ба рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ахбор доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо оид ба татбиқи амалии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дирўз дар Маҷлиси васеи таъҷилии ҳукумати мамлакат оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ қабул шуд, дастуру ҳидоятҳо дод.

Таъкид гардид, ки дар ҳамкорӣ бо Комиссияи давлатӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартараф намудани оқибатҳои офат ва расонидани кўмакҳои моддию молиявӣ ба аҳолии зарардида тадбирҳои судбахш андешанд.

Имрўз бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор баҳри шиносоии бевосита бо рафти корҳои барқарорсозӣ, ҷойи бунёди маҳаллаҳои нави истиқоматӣ ва расонидани кўмак ба мардуми зарардида ба минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон сафар намуд.

Комиссияи давлатӣ оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар ин минтақа вазифадор шудааст, ки тамоми оилаҳои хонаҳояшон пурра харобгаштаро то 6 ноябри соли равон бо хонаҳои нави муҷаҳҳаз бо тамоми ашёи рўзгор таъмин намояд. Дар доираи ҳамин супориш бояд беш аз 500 адад хонаҳои нав бо лоиҳаи якхелаи замонавӣ сохта, ба оилаҳои бесарпаноҳмонда тақдим карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири молия ва роҳбарони дигар вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки ба мардуми зарардида кўмакҳои моддию молиявӣ расонида, асбобу анҷоми корношоямгаштаи онҳоро барқарор намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520