Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков

14.03.2019 17:39, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков суҳбати телефонӣ анҷом доданд.   

Дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор дода, ба вазъияте, ки бар асари низои бегоҳирӯзии 13 марти соли равон дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ба амал омадааст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.  

Дар ин зимн  Президентҳо ҷиҳати додани супоришҳои дахлдор ба мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо дар хусуси тафтишоти ҳамаҷонибаи ин низоъ, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, ҳамчунин истифодаи роҳҳои мусолиматомези рафъи он ба мувофиқа расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков таъзияву тассалият ва ҳамдардии амиқи худро ба аъзои оила ва наздикони шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейн Ҳакимов, ки дар аснои низои наздисарҳадӣ ба ҳалокат расид, иброз дошт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520