Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена

22.04.2019 09:27

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

Ҷаноби Олӣ,       

Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари силсилаи таркишҳои мудҳиш дар кишвари дӯсти Шри-Ланка боиси андуҳи беандозаву нигаронии амиқи мо гардид.

Мо ин амали бераҳмона ва ғайриинсониро қатъиян маҳкум намуда, бори дигар зарурати муборизаи беамони дастаҷамъонаро алайҳи терроризму  ифтротгароӣ ва ҳамагуна зуҳуроти зӯроварӣ таъкид менамоем.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон изҳор намуда, ба  ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520