Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга

26.04.2019 16:11, Чин

Зимни мулоқоти дуҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Муғулистон баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони мусоиди мулоқоту баррасии масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар ҳошияи Форуми дуюми сатҳи байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” омили муҳими таҳкими робитаҳо арзёбӣ карда, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои густариши онҳо иброз доштанд.

Тоҷикистону Муғулистонро ҳамгироии сиёсии ду кишвар дар масоили сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай, ба ҳам муттаҳид месозад, ки сарони давлатҳо аз сатҳи ин робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки ба хотири таҳкими муносиботи дуҷониба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо истифода аз имкону захираҳо ҷоннок карда шавад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.
 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520