Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ

28.05.2019 09:35

Рафиқон генералҳо, афсарон, прапоршикҳо ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ!
Муҳтарам намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ!
Ҳозирини гиромӣ!

Бо шукргузорӣ аз истиқлолияту озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар, ваҳдату сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аз баракати онҳо барои ташаккули рукнҳои давлатдории миллӣ, аз ҷумла ҳифзи боэътимоди марзу буми сарзамини аҷдодиамон шароит ва имконияти мусоид фароҳам омадааст, ҳар кадоми шуморо ба ифтихори  25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи сарҳадбонони тоҷик самимона табрик мегӯям.

Соҳиби марзу бум ё ҳудуди муайяншуда будан дар қатори миллат, забон ва артиш яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат мебошад. Гузашта аз ин, амнияти давлат ва миллат аз сатҳи ҳимояи сарҳадоти он вобастагии мустақим дорад.

Ҳанӯз дар оғози истиқлолияти давлатӣ яке аз омилҳои асосии саршавии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон халалдор гардидани хатти сарҳади давлатӣ буд.

Дар он айёми ноором мо ҳанӯз нерӯҳои марзбонӣ ва ҳатто як нафар мутахассиси баландпоя надоштем. Бо истифода аз чунин вазъ, бадхоҳони миллату давлат бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба ҳудуди кишвари мо яроқу аслиҳа, маводи мухаддир ва адабиёти экстремистӣ ворид намуда, бо пуштибонии моддиву маънавии хоҷагони хориҷии худ ва дастгирии гурӯҳҳои ҷинояткор Ватани азизамонро ба гирдоби ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ гирифтор карданд.

Мардуми дар таҳлукаафтода хатти сарҳади беназоратмондаро убур карда, рӯ ба кишварҳои ҳамсоя ниҳоданд.

Чунин ҳолати вазнин, ки метавонист боиси парокандагии миллат ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони мо гардад, фарзандони содиқу огоҳи Ватанро водор сохт, ки моҳи ноябри соли 1992  Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олиро даъват ва баргузор намоянд.

Дар ҳамон иҷлосияи тақдирсоз дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил карда шуд ва баъдан бо қарори раёсати Шӯрои Олӣ дар ҳайати кумитаи зикршуда Раёсати ҳифзи сарҳад таъсис ёфт.  

Бо мақсади  ҳарчи бештар таҳти назорат қарор додани вазъият ва пешгирӣ кардани воридшавии аъзои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир зарурат ба миён омад, ки мо 28 майи соли 1994 дар сохтори мақомоти амнияти кишвар Қӯшунҳои сарҳадиро таъсис диҳем ва ин санаи таърихиро ҳамчун “Рӯзи сарҳадбонон” эълон намоем.

Яъне мо ба монанди дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ Қӯшунҳои сарҳадиро низ дар давраи бисёр ҳассос ва аз ҳар лиҳоз  мушкили таърихи кишварамон, бе ягон заминаи моддиву техникӣ ташкил кардем.

Бинобар ин, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки ҳоло ба як сохтори аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳазу муосир ва сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфтаанд, яке аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

Таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳим дар амри пойдории давлату миллат, ҳифзи амнияти ҷомеа ва ҳимояи марзу буми кишвар мебошад. 

 Дар он солҳои душвор сарҳадбонони мо дар ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон ва пешгирӣ кардани воридшавии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ, яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир хизмати воқеан таърихӣ карданд.

Бояд гуфт, ки сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон на танҳо барои кишвари мо, балки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ҳамчун минтақаи буферӣ мавқеи хосса дорад. Ин қисмати сарҳад беш аз 1400 километрро ташкил карда, асосан аз минтақаву мавзеъҳои мураккаб ва душворгузар иборат мебошад.

Яъне мо дар давоми бисту панҷ сол тавассути таъмин кардани ҳифзи марзҳои кишвари худ, ҳамзамон кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро низ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҳимоя карда истодаем.

Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ин масъала, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, асосҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккул ва такомули сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин, таълиму тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд.

Ҳоло иқтидори мудофиавии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аз лиҳози таъминот бо кадрҳои соҳибтахассуси ҳарбӣ ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ хеле мустаҳкам гардидааст.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ 3 раёсати минтақавӣ, 17 отряди сарҳадӣ, 2 отряди таъиноти махсус, Донишкадаи сарҳадӣ, эскадриляи алоҳидаи ҳавоӣ, 7 комендатураи сарҳадӣ, 158 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 34 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, 4 маркази таълимӣ, 3 госпитали ҳарбӣ ва 5 қисми ҳарбии таъминоти техникӣ таъсис ва бунёд карда шуданд.

Ҳамчунин, садҳо километр роҳҳои нави мошингарди сарҳадӣ кушода шуда, манораҳои мушоҳидавӣ ва дигар иншооти муҳандисӣ азнавсозӣ гардидаанд.

Дар баробари ин, ҷиҳати таҳкими ҳимояи минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот 92 дидбонгоҳи сарҳадии иловагӣ таъсис дода шуд.

Танҳо дар панҷ соли охир аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент барои бунёди иншооти сарҳадӣ аз ҳисоби буҷети давлат қариб 80 миллион сомонӣ хароҷот шудааст.

Дар ин давра, бо истифода аз имкониятҳои дохилии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти иҷроияи давлатии шаҳру ноҳияҳо, дар маҷмӯъ 173 иншооти сарҳадӣ таҷдиду азнавсозӣ шуда,  корҳои сохтмон дар иншооти дигар бомаром идома доранд.

Таъминоти Қӯшунҳои сарҳадӣ бо техникаи ҳарбӣ низ ҳамасола беҳтар гардида, дар муддати панҷ соли охир бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат зиёда аз 500 техникаи нав ва таҷҳизоти муосири сарҳадбонӣ харидорӣ карда шуд.  

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тарбияи кадрҳои ҷавону баландихтисоси ҳарбӣ ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии онҳо ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Мо солҳои охир ба масъалаи боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи касбии устодону омӯзгорон ҷалби мутахассисони баландихтисос ва таълиму тарбияи мутахассисони оянда, хусусан, кадрҳои сарҳадбон эътибори аввалиндараҷа медиҳем.

Ҳамасола 60-70 нафар ҷавонон барои таҳсил ба академияҳои сарҳадии кишварҳои пешрафта фиристода мешаванд. Дар давоми ин солҳо зиёда аз 850 нафар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 536 нафар донишкадаҳои олии хориҷи кишварро хатм намуда, ҳоло дар ҷузъу томҳои гуногуни Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат карда истодаанд.

Айни ҳол дар донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 467 нафар ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии сарҳадии хориҷи кишвар 260 нафар ҷавонони мо таҳсил  доранд.  

Дар зарфи бисту панҷ сол сарҳадбонони ҷасури мо якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 25 тонна воситаҳои нашъадор, қариб 1200 мил силоҳ ва 6300 муҳиммоти ҷангиро мусодира намуда, 638 нафар қочоқчиёнро безарар ва 456 нафар шахсони сарҳадшиканро дастгир кардаанд.

Махсус ёдовар бояд шуд, ки дар тӯли ин солҳо барои ҳифзи сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, ҳаёти осудаи сокинон ва оромиву суботи мамлакат ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ 148 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷони худро қурбон кардаанд, ки мардуми шарифи тоҷик ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард.

Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат заҳмати хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадиро ҳамеша қадрдонӣ мекунад ва то имрӯз 105 нафарро бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ намуда, бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҳамеша доир ба беҳтар кардани шароити иҷтимоии онҳо чораҷӯӣ мекунад.

То имрӯз зиёда аз 1000 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва оилаи онҳо бо манзили истиқоматӣ таъмин шуда, раванди беҳсозии шароити манзили сарҳадбонон аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ минбаъд низ идома дода мешавад.

Роҳбарияти давлат бо дарназардошти хусусиятҳои мушкили ҳифзи сарҳади давлатӣ минбаъд низ барои ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ  тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дастгириву ғамхориро ба хотири беҳсозии шароити хизмат ва зиндагии марзбонон тақвият мебахшад.

Ҳозирини гиромӣ!

Вазъи мураккаби минтақа ва ҷаҳон, хусусан, авзои Афғонистони ҳамсоя, оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, зуҳури гурӯҳҳои нави ҷинояткори фаромиллӣ, муттаҳидшавӣ ва мусаллаҳшавии онҳо бо силоҳу лавозимоти ҷангии муосир тақозо менамояд, ки барои ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, хизматро содиқона, бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва оштинопазирӣ бо унсурҳои бегона адо намояд.

Шумо, ки дар сафи пеши ҳифзи сарҳади давлатӣ ва суботу оромии  сокинони кишвар қарор доред, бояд интизоми қатъии ҳарбиро асоси фаъолияти ҳаррӯзаи худ ҳисобида, ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи зиндагии осоиштаи халқамон доимо омода бошед ва нагузоред, ки унсурҳои ҷинояткор тавассути марз фазои орому осуда ва дастовардҳои мардуми шарифи Тоҷикистонро халалдор созанд.

Барои иҷрои ин рисолати пуршараф бояд саҳми афсарон назаррас бошад. Шумо - афсарони муҳтарам, бо ҳисси баланди миллӣ, малакаву таҷрибаи андӯхтаи хеш ва муносибати ғамхорона нисбат ба зердастон дар таълиму тарбияи насли далеру шуҷои Ватани азизамон заҳмати худро дареғ надоред ва ҳамеша ба унвони баланди афсари марзбон сазовор бошед.

Ҳар як пораи хоки Тоҷикистони маҳбубамон бояд барои тамоми генералҳо ва афсарону сарбозон азизу муқаддас бошад ва ҳар як низомии бонангу номус ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург ҳисобад.

Бовар дорам, ки шумо минбаъд низ барои суботу оромӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, амнияти сокинони кишвар ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ содиқона хизмат мекунед.

Бори дигар ҳамаи шумо - марзбонони далеру шуҷои кишвар ва муҳофизони марзу бум ва хоки муқаддаси Ватани азизамонро ба ифтихори 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик гуфта, дар ҷодаи хизмати бошарафатон – ҳимояи марзҳои давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ва амнияти сокинони мамлакат барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед, ҳомиёни содиқи Ватан!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520