Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Корхонаи тракторсозии шаҳри Минск

29.06.2019 17:57, Беларус

29 июн дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Корхонаи тракторсозӣ шинос шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи мазкур яке аз калонтарин коргоҳҳои саноатии Ҷумҳурии Беларус буда, бо Тоҷикистон ва зиёда аз 70 давлати олам ҳамкорӣ дорад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии коргоҳ намунаи муосиртарин техникаҳои кишоварзии Корхонаи тракторсозӣ муаррифӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо тракторҳои корхона омодагии Тоҷикистонро барои бунёди корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои дигар, афзоиши сохтани трактор, истифодаи имкониятҳои фарохи Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкории зичу пурсамар ва судовар барои ҳар ду ҷониб, изҳор доштанд.

Бунёди чунин коргоҳҳои муштарак дар оянда метавонад барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, таъмини хоҷагиҳои мамлакат бо техникаи кишоварзӣ, амалӣ кардани ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намояд.

Таъсиси Корхонаи бастубанди тракторҳо ва Маркази хизматрасонии техникаҳои кишоварзӣ “Агротехсервис” дар шаҳри Ҳисор бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко намунаи беҳтарини ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Беларус мебошад.

Дар намоишгоҳ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин техникаҳои гуногунҳаҷми борбардору боркаши сохтмонӣ ва мусофирбари Корхонаи мошинсозии “МАЗ”-и Ҷумҳурии Беларус муаррифӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти корхонаҳои мошинсозӣ даъват ба амал оварданд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои калони гидроэнергетикии Тоҷикистон ширкат варзида, иқтидору имконоти худро дар бозори Тоҷикистон муаррифӣ намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520