ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Восеи вилояти Хатлон
озод намудани Ғафурзода М.З.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ғафурзода Мусо Зариф бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
22 июли соли 2019
№1322