Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз намоишгоҳи дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ваҳдат

02.08.2019 08:32, шаҳри Ваҳдат

Дар саҳни майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоишгоҳи дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд.

Дар ин намоишгоҳ намунаҳои ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ, попурдӯзӣ, зардӯзӣ, ҷомаву тоқидӯзӣ, заргарӣ, сабадбофӣ, гаҳворасозӣ, маҳсулоти чӯбӣ табақ, қошуқ, чахчӯ, даҳҳо номгуи нонҳои миллӣ, самбуса, фатир, кулча, фатирхамир, гирда, қалама, чапотӣ, орзуқ, чагалдак ва таомҳои миллӣ, умоч, ширкаду, шакароб, қурутоб, шӯла, ширбиринҷ ба маъраз гузошта шуданд.

Намоишгоҳро дастовардҳои ҳунармандон ҷаззобу диққатҷалбкунанда гардонида, маҳсулоти пешниҳоднамуда бо як маҳорати нотакрор ва ҳунари воло таҳия шуда буд.

Ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ваҳдат ба як шуғли сердаромади сокинон табдил ёфта, тайи солҳои охир ба таври густурда рушд кардааст.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ ба маҳсули эҷоду офаридаҳои ҳунармандон ва маҳорати баланди кадбонугии занону духтарон дар тайёр кардани таомҳои миллию нонпазӣ баҳои баланд доданд.

Маврид ба таъкид, ки дар шаҳри Ваҳдат барои дастгирии ҳунармандон шароиту имконоти васеъ фароҳам оварда шуда дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даҳҳо марказҳои касбомузӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Дар як гушаи намоишгоҳ асбобҳои зарбӣ ва созҳои миллӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуда, аз ҷониби ҳунармандон суруду таронаҳои дилнишин иҷро гардид.

Дар баробари ин маҳсули дасти ҳунаромӯзони мактаби рассомиии бачагонаи шаҳр ба намоиш гузошта шуд, ки басо диққатҷалбкунанда буд.

Офаридаҳои дастпарварони ин мактаби рассомӣ таҷасумгари табиати зебои диёр ва тарғибгари мавзеъҳои таърихию фарҳангии кишварамон мебошанд, ки аз ҳунари волои наврасони эҷодкор башорат медод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520