Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Маркази адлия дар шаҳри Ваҳдат

02.08.2019 09:09, шаҳри Ваҳдат

2-юми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ҳамчунин бинои Маркази адлияро, ки дар масоҳати 1785,58 метри мураббаъ бо тарҳи зебою замонавӣ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур бо назардошти санъати меъмории миллӣ ва сатҳу сифати баланд бунёд карда шудааст. Ба таъкиди масъулин давоми ҷараёни корҳои сохтмонӣ зиёда аз 70 нафар кормандону сохтмоничёни маҳаллӣ дар ин иншоот бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин карда шуданд.   

Ҳамингуна зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми бинои мазкур 14 нафар кормандони Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дар ошёнаи дуюм кормандони Идораи нотариалии шаҳр ва машвартчии ҳуқуқии ройгон фаъолият хоҳанд кард. Барои фаъолияти пурсамари кормандони ин идораҳои давлатӣ дар ошёнаи якуми бинои зебои Маркази адлия 9 ҳуҷраи корӣ ва толори ақди никоҳ, дар ошёнаи дуюм бошад, ҳуҷраи корӣ ва толори маҷлис барои 120 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст. 

Илова бар ин, дар таҳхонаи бинои мазкур толори варзиш ва ду ҳуҷраи васеъ барои бойгонии Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Идораи нотариалии шаҳр сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба масъулин барои хизматрасонии хубу саривақтӣ дар самти бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Ваҳдат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Мавриди зикр аст, ки гирду атрофи бинои Маркази адлия дар шаҳри Ваҳдат гулкорӣ ва чароғон карда шуда, барои баргузории маросимҳои ақди никоҳи сокинони шаҳр беҳтарин макон дониста мешавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520