Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон

06.08.2019 11:28, ноҳияи Балҷувон

Ҳамдиёрони азиз!

Дар оғоз мехоҳам ба ҳамаи сокинони деҳоти зебоманзари Сари Хосор барои амалӣ намудани иқдому ташаббусҳои ободгарона, ки мо имрӯз мушоҳида кардем, сипоси худро баён намоям.

Соли 2017 мо бо сафари корӣ ба ин диёри биҳиштосо омада, дар ҳамин майдон бо шумо мулоқот доштем ва дар назди роҳбарони сохторҳои масъули давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ва деҳоти Сари Хосор ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои мавҷуда ва ҳамзамон бо ин, барои вусъат додани корҳои ободонӣ вазифаҳои мушаххас гузошта будем.

Дар ҳамон мулоқот бо соҳибкорони маҳаллӣ ва зодагони ин гӯшаи Ватанамон, ки дар пойтахти мамлакат ва дигар кишварҳои хориҷӣ кору фаъолият менамоянд, суҳбати самимӣ баргузор карда, ваъда дода будам, ки дар маросими ифтитоҳи иншооти навбунёд шахсан иштирок мекунам.

Мо имрӯз дидем, ки дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи сокинон ва азми ватандӯстонаи соҳибкорон дар як муддати кӯтоҳ аз 20 иншооти ба нақша гирифташуда, аллакай, сохтмони 13 иншоот, аз ҷумла мактаби муосир барои 300 нафар хонанда дар деҳаи Мулоконӣ, меҳмонхонаи замонавии чорситорадор барои 60 нафар дар деҳаи Пушти Боғ, ду бинои истиқоматии фароғату истироҳат барои 4 оила дар деҳаи Аспоғула, парваришгоҳи ниҳолу тухмии зироат дар маҳаллаи Хӯҷаи Сабз, нерӯгоҳи барқи обии хурд дар деҳаи Шибдара, корхонаҳои коркарди мева ва гиёҳҳои шифобахш, майдончаи варзиш ва бозии кӯдакон, ҳаммому меҳмонхона ва маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Шайдон анҷом ёфта, имрӯз ҳамаи онҳо ба истифода супорида шуданд.

Корҳо дар ду иншооти дигар - истироҳатгоҳ барои 60 нафар бо қароргоҳ дар мавзеи Сангсел ва меҳмонхона бо 18 ҷойи хоб дар деҳаи Пештова дар ҳоли анҷомёбӣ қарор доранд.

Дар баробари ин, зикр бояд кард, ки корҳои сохтмон дар се иншооти боқимонда ҳанӯз оғоз нашудаанд ва итминон дорам, ки онҳо низ то рӯзҳои ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи шахсоне, ки дар бунёди иншооти зикршуда саҳми арзандаи худро гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.

Мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки ҳамаамон фарзандони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастем ва масъулияти ободу зебо кардану ба кишвари пешрафта табдил додани он, инчунин, ба корҳои ободониву созандагӣ ҳарчи бештар ҷалб кардани сокинони мамлакат, муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум рисолати ватандории ҳар яки мо мебошад.

Бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки хонаи моро ҳеҷ кас ғайр аз худи мо обод намекунад.

Бинобар ин, мо вазифадор ҳастем, ки ҳамаи ғайрату ҳиммати худро барои ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон сафарбар созем ва ҳар рӯзро ҷиҳати ба талаботи замон ҷавобгӯй гардонидани шаҳру деҳотамон босамар истифода намоем.

Майдони умумии заминҳои деҳоти Сари Хосор 44 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки онҳо бойигарии асосии сокинони ин мавзеъ ба шумор мераванд.

Аз ин рӯ, ин заминҳо бояд оқилонаву самаранок истифода карда шаванд, зеро дар шароити кӯҳистони камзамин имкониятҳои азхудкунии заминҳои нав бисёр маҳдуд мебошанд. Яъне дар чунин шароит зарур аст, ки истифодаи ҳар як ваҷаб замин ба роҳ монда шавад. 

Ҳамчунин, хотирнишон бояд кард, ки дар қаламрави деҳоти Сари Хосор имконияти сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ хеле зиёд мебошад.

Ҳоло дар ҳудуди ҷамоат 10 нерӯгоҳи барқи обӣ фаъолият доранд, ки онҳо 270 киловатт- соат нерӯи барқ истеҳсол мекунанд. Вале бо шабакаҳои марказии барқӣ пайваст набудани баъзе деҳаҳо барои сокинони онҳо мушкилот эҷод менамоянд.

Чанде пеш бо супориши Роҳбари давлат қарори Шӯрои нозирони Ширкати “Барқи Тоҷик” оид ба пайваст кардани 10 деҳа ба хатти интиқоли барқи 10 - киловолта ба имзо расонида шуд ва корҳо дар ин самт аллакай шурӯъ гардида, бояд то охири ҳамин сол ба анҷом расонида шаванд.

Дӯстони азиз!

Сари Хосор аз замонҳои куҳан ҳамчун сарзамини шахсиятҳои созандаву ободкор маъруф мебошад.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки таъмин намудани пешрафти минбаъдаи ин мавзеи дурдасти кӯҳистон бидуни муҳайё сохтани заминаҳои мусоид барои рушди илму маърифат, кашфи истеъдодҳо ва тибқи талаботи замони муосир омода кардани мутахассисони маҳаллӣ ғайриимкон мебошад.

Аз ин лиҳоз, дар деҳоти Сари Хосор бо мақсади амалисозии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат нақшаи чорабиниҳо бо фарогирии тамоми паҳлуҳои ҳаёти сокинони деҳот тасдиқ карда шудааст, ки татбиқи саривақтиву босифати он боиси пешравии соҳаҳои мухталифи ҳаёти мардуми деҳоти Сари Хосор мегардад.

Имрӯз бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки аксари бандҳои нақшаи зикршуда иҷро шудаанд.

Бо дарназардошти ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаҳои Мулоконӣ ва Кулхӯҷа, ки имрӯз ба истифода дода шуданд, шумораи умумии мактабҳои ҳудуди деҳот ба 14 расид, ки дар онҳо беш аз 1800 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳукумати мамлакат сол ба сол барои беҳтар гардидани вазъи соҳаи маорифи кишвар, аз ҷумла ноҳияи Балҷувон тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст, зеро омили бунёдии ҳама гуна пешрафту тараққиёт маҳз ҳамин соҳа ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин, ҳар як оила ва устодону омӯзгорон вазифадоранд, ки рисолати худро дар ин самт поквиҷдонона ба иҷро расонанд ва кӯшиш кунанд, ки фарзандони мо – наврасону ҷавонон илму дониш омӯзанд, касбу ҳунарҳои муосирро аз худ намоянд, то ки оянда дар зиндагӣ азоб накашанд.

Албатта, ҳоло мо дар соҳаи маориф мушкилоту норасоиҳои зиёд дорем ва доир ба онҳо дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид шуда буд. Вале бовар дорам, ки мо ҳамаи ин масъалаву мушкилотро бо саъю талоши якҷоя ва дар солҳои наздиктарин бартараф месозем.

Имрӯз хоҳишу дархости мо аз аҳли маориф ин аст, ки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳо кӯшиши худро дареғ надоранд. Бовар дорам, ки дар ин ҷода аҳли маорифи деҳоти Сари Хосор низ тамоми малакаву таҷрибаи худро сафарбар менамоянд.

Дӯстони азиз!

Мавзеи Сари Хосор ва махсусан, Шаршараи он ёдгории нодири табиат ва макони басо мусоид барои меҳмонону сайёҳон мебошад.

Табиати зебову дилфиреби Сари Хосор, ҳавои тозаву чашмаҳои мусаффо, кӯҳҳои сарбафалаккашида, меваҳои шаҳдбор ва гиёҳҳои шифобахши он диққати ҳар як сокини кишварро ба худ ҷалб мекунанд ва чунин мавзеъҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ангуштшумор мебошанд.

Табиат барои мо, бемуболиға, як гӯшаи биҳиштро офаридааст ва манзараи зебои Шаршара таваҷҷуҳи ҳазорон нафар сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб менамояд.

Бовар дорам, ки бо бунёди инфрасохтори замонавӣ дар ояндаи наздик он метавонад ҳамчун муаррифгари Ватанамон барои тамоми ҷаҳониён хизмат намояд.

Ба истифода додани меҳмонхонаи муосири “Сари-Хосор” дар рӯ ба рӯи фаввораи Шаршара, ки бо ҳиммати фарзандони ҳамин диёр бунёд шудааст, бо фароҳам овардани шароити хизматрасонии муосири сайёҳӣ ин гӯшаи зебои кишварамонро боз ҳам ҷаззоб гардонидааст.

Дар баробари ин, барои рушди сайёҳӣ дар деҳоти Сари Хосор як қатор мушкилоту масъалаҳое вуҷуд доранд, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.

Ва ин кор, албатта, солҳои наздик бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, заҳмати сокинон ва иқдоми шахсони ҳимматбаланди Сари Хосор ҳал мегардад.

Яъне мо метавонем бо азму талоши дастҷамъона Ватани азизамонро ба як кишвари зебову пешрафтаи дунё табдил диҳем.

Дар ин роҳи созандагиву ободкорӣ ба тамоми мардуми Сари Хосор барору комёбӣ орзу менамоям ва ҳамаи сокинони онро ба ифтихори солгарди бисту ҳаштуми истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик мегӯям.

Ҳамеша хонаободу сарфароз бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520