Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани Меҳмонхона дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон

06.08.2019 16:06, ноҳияи Балҷувон

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар мавзеи Пушти боғи деҳоти Сари Хосор Меҳмонхонаи наву замонавии “Сари Хосор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва бо имконоту шароити он аз наздик шинос шуданд.

Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, меҳмонхона аз 3 ошёна ва нимтаҳхона иборат буда, дорои 30 ҳуҷра мебошад. 3 ҳуҷраи он дорои имкониятҳои дараҷаи олӣ буда, як ҳуҷраи дигар барои қабули меҳмони олиқадр пешбинӣ гардидааст.

Иншооти мазкур дар доираи дастур ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони ватандӯсте, ки имрӯз дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолияти самаранок доранд, сохта ба истифода дода шуд.

Меҳмонхонаи “Сари Хосор” бо назардошти талаботҳои муосир бунёд ёфта, дар он барои буду боши мизоҷон шароити замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла дохили меҳмонхона дорои лифт буда, ҳуҷраҳои он бо кондитсионер, телевизор, ҷевон барои сару либос ва пойафзол таъмин мебошад ва дар як вақт имконият дорад, ки ба 60 нафар мувофиқи талаботи ҷорӣ ва бо сифати баланд хизмат расонад. Утоқҳои хоб, роҳрав ва дигар иншооти меҳмонхона бо сатҳу сифати баланд ва усули муосири меъморӣ оро ёфта, намои берунаи он бо санъати баланди сохтмонӣ бунёд ёфтааст.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки ҳамзамон меҳмонхона дорои ошхонаи алоҳида буда, дар ин ҷо барои меҳмонон хӯрокҳои хоси миллӣ пешниҳод карда мешавад ва он дар як вақт метавонад, ки ба 40 нафар хизмат расонад.

Ҳамзамон дар дохили меҳмонхона утоқи шустушӯи сару либос, утоқи шикорчӣ ва утоқҳои корӣ фаъолият мекунанд.

Дар иншооти мазкур зиёда аз 10 нафар аз сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардида, барои расонидани хизмати саривақтиву босифат ба меҳмонон онҳо аз курсҳои омӯзишӣ гузаронида шудаанд. Хизматрасонӣ дар меҳмонхона мувофиқ ба талаботҳои муосир ба роҳ монда шуда, шароити зарурӣ барои меҳмонон фароҳам оварда шудааст.

Бояд қайд кард, ки иншооти мазкур дар мавзеъи назаррабову зебои ин минтақа - дар назди Шаршара ҷойгир буда, макони дилрабову мавзеъи сайру сайёҳат барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Ин макон табиати нотакрору зебо дошта, бунёди инфрасохтори мазкур бошад, бешак ба ҷалби бештари сайёҳон мусоидат хоҳад кард. Дар фазои кушоди назди меҳмонхона майдончаи алоҳида барои бозиҳои футболу волейбол ва теннис бунёд ёфта, аз чунин имкониятҳои муосир меҳмонон метавонанд, ки ба таври васеъ истифода баранд. Гирду атрофи меҳмонхона пурра чароғон карда шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу оро ёфтааст.

Зимни шиносоӣ Роҳбари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ ва имкониятҳои Меҳмонхонаи “Сари Хосор” баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки дар ин ҷо хизматрасонии сатҳи олӣ ва босифатро барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба роҳ монанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520