Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи шуъбаҳои нав дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг

07.08.2019 10:15, ноҳияи Ховалинг

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва кӯдаконаи Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалингро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави тандурустӣ дар ноҳияи Ховалинг аз ду ошёна иборат буда, дорои 40 кати хоб ва ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва кӯдаконаи Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг дидан намуда, бо шароити муосири муҳайёгардида дар онҳо аз наздик шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз ҷониби Кооперативи истеҳсолӣ – тиҷоратии «Нигини Сулаймон» анҷом дода шуда, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Дастгоҳу таҷҳизоти шуъбаҳои нави беморхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон харидорӣ гардида, аз ҷониби мутахассисони соҳа васлу насб карда шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити муосири хизматрасонӣ дар ин бинои муосири тандурустӣ, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, ба табибон барои истифодаи пурсамар аз ин имконот маслиҳатҳои муфид доданд.

Тавре таъкид гардид, бо мавриди истифода қарор гирифтани шуъбаҳои нави Беморхонаи марказӣ имкони ташхису табобат ва анҷоми амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ дар дохили ноҳия пурра фароҳам гардид.

Зеро қаблан ниёзмандону беморон барои ташхису табобат ва гузаронидани амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ ба шаҳри Кӯлоб ва пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе мерафтанд, ки харҷи зиёди маблағ ва вақтро талаб мекард.

Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани шуъбаҳои нави Беморхонаи марказӣ мушкили аҳолии наздики 60-ҳазорнафараи ноҳияи Ховалинг ҳали худро пайдо намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг ифтитоҳи шуъбаҳои навро туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ маънидод карда, ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоти муҳайёгардида дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Масоҳати умумии бинои шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва кӯдаконаи Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг наздики 1 гектарро дар бар гирифта, атрофи иншоот дар доираи иқдомҳои созанда сабзу хуррам гардонида шудааст.

Ҳамчунин дар саҳни бино ду айвончаи зебо сохта мавриди истифода қарор гирифтааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520