Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи меҳмонхона дар ноҳияи Ховалинг

07.08.2019 12:50, ноҳияи Ховалинг

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маркази ноҳияи Ховалинг Меҳмонхонаи «Чилчанор»-ро, ки бо тарҳу намои зебо бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қаюм Каримов бунёд шудааст.

Бинои меҳмонхона бо фарогирии иншооти ёрирасон дар масоҳати 2 гектар доман афрохта, дар он шароити муосири қабулу гусели меҳмонон фароҳам мебошад.

Корҳои сохтмонии меҳмонхона моҳи марти соли равон оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ бо сифати баланд анҷом ёфтаанд.

Дар рафти сохтмон 80 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Меҳмонхона аз 2 ошёна иборат буда, бо 9 ҳуҷра дар як вақт имкон дорад то 18 нафарро қабул намояд.

Ин иншоот бо тарҳи замонавӣ ва унсурҳои миллӣ оро дода шуда, ба маркази шаҳрак ҳусни дигаре бахшидааст. Барои истироҳату фавроғати мизоҷон дар назди меҳмонхона варзишгоҳ ва 3 адад суҳбатгоҳҳо бунёд шудаанд, ки инфрасохтори маҷмааи мазкурро такмил медиҳанд.

Пешвои миллат аснои шиносоӣ бо шароити меҳмонхона ба сифати корҳо баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёди чунин меҳмонхонаҳо боиси боз ҳам рушд ёфтани соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мегардад.

Тамоми саҳни меҳмонхона чароғон буда, намои он шабонгоҳ хеле ҳам ҷолибу диданӣ ба назар мерасад.

 Фаввораҳо ва дарахтони сояафкан, ки дар саҳни меҳмонхона ва шафати он мавҷуданд низ ҷузъе аз зебогиҳои ин меҳмонхона мебошанд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани меҳмонхонаи «Чилчанор» дар маркази ноҳияи Ховалинг 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар баробари утоқҳои истироҳатӣ ҳамчунин дар ин меҳмонхона дигар биноҳои ёрирасон, аз қабили ошхона ва ҳаммом мавҷуд аст.

Роҳбари давлат зимни суҳбат бо кормандону масъулони меҳмонхона таъкид намуданд, ки бояд бо мизоҷон хушмуомила бошанд ва одоби меҳмондории тоҷиконаро ба сайёҳони дохиливу хориҷие, ки барои сайёҳат ба ин инҷо ташриф меоранд, муаррифӣ созанд.

Соҳибкори маҳаллӣ Қаюм Каримов иқдом гирифт, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати ҳамин меҳмонхона як бинои иловагии 5-ошёна бо 100 ҷойи хоб бунёд менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520