Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи осорхонаи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ дар мавзеъи Дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг

07.08.2019 22:28, ноҳияи Ховалинг

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди Осорхони таърихӣ-кишваршиносии Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи хушбоду ҳавои Дараи Мухтор воқеъ дар зодгоҳи ин шахсияти бузурги миллати тоҷик сохта шудааст.

Корҳои сохтмонии бино моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, бинокорони маҳаллӣ тавонистанд дар кӯтоҳтарин муҳлат онро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд намоянд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин иқдоми созандаи соҳибкорону шахсони ватандӯст изҳори минтадорӣ намуда, бунёди чунин иншооти фарҳангиро дар доири эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мадумӣ» туҳфаи арзишманд маънидод карданд.

Бинои Осорхона аз ду ошиёна ва таҳхона иборат буда, дар он нигораҳо ба таври замонавӣ ба намоиш гузошта шудааст.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни ҳол дар инҷо 1893 адад нигораҳо, аз ҷумла 1393 адад асосӣ ва 500 адад ёрирасон маҷуд аст.

Феълан дар ин Осорхона ашёҳо аз рузғор ва фаъолияти ин Қаҳрамони халқи тоҷик ва маснуоти миссӣ, чӯбин, сангӣ, биринҷӣ, сафолӣ, дастхатҳои қадима ва дигар нигораҳо мавҷуданд.

Ҳамчунин пайкари ин Қаҳрамони қалқи тоҷик дар рӯ ба рӯи бинои нав бо баландии 6 метр гузошта шудааст, ки нишона аз эҳтироми баланд ба гузаштагони миллат мебошад.

Лозим ба таъкид аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2015 ба Осорхона мақоми ҷумҳуриявӣ дода шуда, Муассисаи давлатии «Осорхона -мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» номгузорӣ карда шудааст.

Дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Осорхона -мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» ҳамчунин меҳмонхона барои қабули 28 нафар дар як вақт бунёд гардидааст.

Навсозии ин мавзеъ барои ҷалби таваҷҷуҳи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба маконҳои таърихию фарҳангӣ ва шиносоии бештари тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ба ҷаҳониён замина фароҳам хоҳад овард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520