Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

20.08.2019 09:04, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави Суди ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои Суди ноҳия бо назардошти беҳтар сохтани шароити корӣ барои кормандон сохта шудааст. Масоҳати бинои нав 1200 метри мураббаъ буда, он аз 2 ошёна ва 28 утоқи корӣ иборат мебошад. Бинои мақомоти суд бо тарҳи муосир ва сифати баланд бунёд ёфта, дар он барои кормандон тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.

Мувофиқи нақша корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, дар давоми беш аз як сол як бинои наву замонавӣ бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода дода шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 30 то 60 нафар сокинони маҳалӣ ба кор ва бо маоши хуб таъмин гардиданд.

Фармоишгари бинои мақомоти суд дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудрачӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пастиғав”-и ноҳия ва лоиҳакаш Пажӯҳишгоҳи илмӣ САНИОСП мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷом ёфта дар ин иншоот баҳои баланд дода, кормандони мақомоти судро барои фаъолияти поквиҷдонона ва ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар асоси нақшаи генералӣ дар маркази ноҳия- шаҳраки Меҳрон барои беҳтар намудани шароити кору зиндагии аҳолӣ биноҳои наву замонавӣ сохта ба истифода супорида шудаанд ва маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба шаҳраки ободу зебо ва замонавӣ табдил ёфтааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520