Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода супурдани бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

20.08.2019 09:15, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои тозабунёди дуошёнаи қисми мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода доданд.

Бинои оташнишонии ноҳия дар кутоҳтарин фурсат бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Баробари бунёди иншоот барои фаъолияти дурӯсти кормандони ин сохтор шароити зарурӣ муҳайё гардид.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмони маълумот дода шуд, ки Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дорои парки автомобилӣ, 2 адад нақлиёти оташнишонӣ, 10 ҳуҷраи корӣ - утоқҳои дарсӣ, таҷҳизоти зиддиоташнишонӣ ва либосҳои корӣ, инчунин ҳуҷраи маишӣ ва бойгонӣ мебошад, ки барои фаъолияти фаврӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин дар ошёнаи якуми бино ду утоқи кории махсус барои ситоди ҳолатҳои фавқулодда ҷойгир карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ин сохтор 1 адад воситаи нақлиёт тақдим намуданд, ки бо тамоми таҷҳизоти лозима муҷаҳҳаз аст.

Баҳри зебову назаррабо гардидани атрофи бино дар масоҳати зиёда аз 20 садяк замин, беш аз 3500 дона гулҳои ҳархела ва 40 дарахти ҳамешасабз шинонида шудааст. Ҳамзамон ба хотири рафтуомади бе мамониат масофаи 200 метр роҳ мумфарш гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воситаҳои асосии оташхомушкунӣ, асбобҳо барои гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми садама, либоси махсус барои хомӯш намудани сӯхторҳои ҳарораташон баланд ва дигар намуди таҷҳизоти муосирро, ки ба маъраз гузошта шуда буд, тамошо карданд.

Кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои таъмини шароити муосири фаъолият ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520