Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

20.08.2019 13:47, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода доданд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбунёд моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, бино имрӯз бо сифати баланд бунёд гардид.

Бинои хуштарҳу замонавии Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тариқи ҳашар сохта шудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуҷраҳои корӣ дидан намуда, барои бунёди чунин як бинои наву замонавӣ, ки тариқи ҳашар сохта шудааст, аҳсану офарин хонданд.

Бинои навбунёд дорои ҳуҷраҳои корӣ буда, бо кампютер ва мизу курсии замонавӣ таъмин карда шудааст. Бояд зикр намуд, ки то имрӯз барои кормандон шароити созгор мавҷуд намуд.

Бояд тазаккур дод, ки зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъсис намудани ду сехи дӯзандагӣ дар ду деҳоти ноҳия 20 адад мошинаҳои нави дӯзандагӣ туҳфа карданд.

 Ин имконят фароҳам меорад, ки чанд нафар занони хонашини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ҷои кор таъмин гардида, ҳамзамон ба ҷавондухтарон касби дӯзандагӣ омӯзонида мешавад.

Иншооти мазкур ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сохта шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520