Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Деваштич

21.08.2019 11:52, ноҳияи Деваштич

Дар ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими таъиноти гуногун бо сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва кулли сокинони ноҳияро бо ҷашни бузурги миллӣ 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо барои истиқболи самимӣ ва ҷонибдории сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар, изҳори сипос карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои созанда давоми солҳои соҳибистиқлолӣ андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Деваштич беш аз 420 миллион сомонӣ равона шудааст, ки 245 миллион сомонии он танҳо ба се соли охир рост меояд.

Дар ноҳияи Деваштич бо мақсади истиқболи шоистаи ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду азнавсозии 309 иншоот ба маблағи умумии беш аз 316 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз сохтмони 95 иншоот ба анҷом расонида шудааст.

Сарвари давлат барои таъмини босифати тадбирҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Деваштичро вазифадор карданд, ки суръати корҳои ободониву бунёдкориро таҳти назорат қарор дода, дар ин раванд, ба сифати масолеҳи сохтмон, риояи ҳатмии меъёрҳои қабулшудаи бинокорӣ ва санъати меъмории иншооту биноҳои бунёдшаванда диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Деваштич барои солҳои 2016 - 2020, ки дар рафти он бунёди беш аз 200 иншооту биноҳои нав пешбинӣ гардидааст, то имрӯз 48 фоиз иҷро шудааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Деваштич аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 32 бинои нави таълимӣ барои 12 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Таъмини солимии ҷомеа аз масъалаҳои муҳим маҳсуб мегардад. Дар ин замина, соли 2018 дар ноҳия бинои 5 маркази саломатӣ бунёд ва ба истифода супорида шуда, се маркази дигар дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор дорад.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат ҳамчунин бо таҳлилҳои амиқ оид ба рушду пешрафти дигар соҳаҳои муҳими ноҳия андешаронӣ карда, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба татбиқи саривақтию босифати ҳадафҳои созанда, мардуми ноҳияро бошад, ба риояи қонунҳои амалкунанда, вусъати корҳои ободонӣ ва истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳидоят карданд.

Пас аз анҷоми суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, барои ҳамаи талошҳову тадбирҳои созанда ба Сарвари давлат изҳори сипосу миннатдории амиқ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520