Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

23.08.2019 09:25, ноҳияи Ҷаббор Расулов

23 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов ифтитоҳ карданд.

Майдони умумии иншооти навбунёд 0,15 гектарро ташкил намуда, он бо маблағгузории соҳибкорони ватандӯст аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Истиқлол” бо истифода аз масолеҳи хушсифат дар муҳлати муайян бо сифати баланд сохта шуд. 

Сутунпояи Нишони давлатӣ 24 метр баландӣ дошта, андозаи худи нишон 2,4 метрро ташкил медиҳад. Иншоот аз рӯи лоиҳаи ширкати сохтмонии “Шаҳрофар” - и вилояти Суғд дар муддати қариб 4 моҳ сохта шуд.

Масоҳати умумии майдони Нишони давлатӣ 3000 метри мураббаъро ташкил намуда, он бо гулу буттаҳои мавсимӣ оро ёфта, ин ҷо ба як мавзеъи дилфиреби шаҳр ва сайругашти сокинону меҳмонон табдил дода шудааст.

Атрофи майдони иншоотро шабонгоҳ 30 адад чароғакҳои ба тозагӣ насбгардида равшан менамоянд. Ҳамзамон 3 фавора ва 8 нишастгоҳ, ки бо тарҳи нав сохта шудаанд, ба ҳусни атрофи майдони нишон зебогии дигар зам намуд.

Майдони сайру сайёҳати назди нишон ба талаботи замон мутобиқ буда, имкон фароҳам меорад, ки сокинону меҳмонони ноҳия вақти худро хушу хотирмон гузаронанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520