Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои шиносномадиҳии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

23.08.2019 12:24, шаҳри Хуҷанд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи бинои Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ ҳамчунин бинои шиносномадиҳии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро, ифтитоҳ намуданд.

Бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар қабати якуми он ҳафт ҳуҷраи корӣ, дар ошёнаи дуюм панҷ утоқи корӣ мавҷуд аст.

Ҳамчунин бинои шиносномадиҳӣ дорои толори маҷлис бо 35 ҷойи нишаст ва таваққуфгоҳ мебошад.

Гирду атрофи иншоотҳои мазкур, бо шинонидани зиёда аз 100 дарахти сояафкан ва 15 ҳазор гулҳои гуногуни мавсимии ороишӣ ободу зебо гардонида шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи март оғоз гардида, моҳи августи соли 2019 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба анҷом расонида шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои мақсаднок истифода намудани иншооти навбунёд ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Ифтитоҳи чунин биноҳои хуштарҳу замонавӣ баҳри мустаҳкам кардани заминаи моддиву техникии сохторҳои Вазорати корҳои дохилиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат мусоидат менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520