Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

29.08.2019 11:00, шаҳри Душанбе

29 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат ҳамеша қадрдонӣ гардида, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат қадрдонӣ карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бистуҳаштсолагии истиқлолияти давлатӣ бо дастоварду рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ хотирмон хоҳад буд, зеро ба истиқболи ин рӯйдоди фараҳбахш дар саросари мамлакат корҳои ободкориву созандагӣ вусъат ёфта, аз пойтахти мамлакат то дуртарин гӯшаву канори он боз ҳам ороставу зебо гардида истодааст.

Соли 2019 барои Тоҷикистони азизамон соли пешравӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди маҳал ва ҷалби сайёҳони хориҷиву дохилӣ ба шумор меравад.

Ҳоло дар саросари кишварамон корҳои ободкориву созандагӣ босуръат идома доранд.

Хусусан дигаргуниҳои куллие, ки дар пойтахти кишвари азизамон - шаҳри Душанбе ва дар тамоми гӯшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадаанд, натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми ватандӯстамон мебошад.

Сафарҳои кории Президенти мамлакат ба минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла маҳалҳои дурдаст нишон доданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо дастгирии соҳибкорони бонангу номус ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аллакай, хеле корҳои назаррасро анҷом додаанд.

Ифтитоҳи иншооти гуногуне, ки дар шаҳри Душанбе ва дигар гӯшаву канори кишвар идома дорад, гувоҳи равшани ҳиммати созандаву бунёдкоронаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо, соҳибкорон ва мардони бонангу номус барои фардои ободу осуда ва дастовези ҷашнии онҳо мебошад.

Ҳамаи ин корҳои ободониву созандагӣ самараи сулҳу ваҳдат, ватандӯстиву худогоҳии халқамон ва заҳмати шабонарӯзии пешсафони арсаи меҳнат, хизматчиёни содиқи Ватан ва сарбозону низомиёни фидокор мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имрӯзаи супоридани мукофотҳои давлатиро имконияти муносиби муаррифии дастовардҳои ҳар як мукофотгиранда ба тамоми сокинони мамлакат маънидод намуда, изҳори хушҳолии худро аз дидору суҳбат бо мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, табибон, коргарону сохтмончиён ва соҳибкорон дар байни сарфарозшудагон таъкид доштанд.

Ҳамин тавр барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат, саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ 160 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I, ордени “Шараф” дараҷаи II, медали “Ҷасорат”, медали “Хизмати шоиста”, медали “Шафқат”, медали “Марзбони шуҷои Тоҷикистон”, унвони фахрии “Шоири халқии Тоҷикистон”, унвони фахрии “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон”, унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рутбаҳои навбатӣ ва Ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ” қадрдонӣ шуданд.

Дар миёни сарфарозшудагон бо мукофотҳои давлатӣ мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, адибон, табибон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, соҳибкорон, роҳсозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ буданд.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ 1 нафар бо ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I, 6 нафар бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 11 нафар бо медали “Ҷасорат”, 78 нафар бо медали “Хизмати шоиста”, 2 нафар бо медали “Шафқат”, 3 нафар бо медали “Марзбони Тоҷикистон”, 1 нафар бо унвони фахрии “Шоири халқии Тоҷикистон”, 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, 20 нафар бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 5 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 нафар бо рутбаҳои навбатӣ ва 11 нафар бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I қадрдонӣ карда шуд.

Дар маросими мукофотсупорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла намояндагони бахшҳои истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбиро махсус таъкид карданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки шумораи зиёди занону ҷавонони мукофотгиранда дар соли таҷлил аз 28-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон ин шаҳодати фаъолгардии нақши ҷавонон бахусус, занон дар ҷомеа ва дастгирии бештари онҳо аз ҷониби давлат мебошад.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати мудофиа ва Агентии назорати маводи нашъаовар бо рутбаҳои ҳарбии махсуси мушовири давлатии адлияи дараҷаҳои I ва III, “генерал майори адлия”, “генерал майори хизмати назорати маводи нашъаовар”, “генерал-майори милитсия”, “генерал майор”, “генерал лейтенанти милитсия”сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин, як гуруҳ олимони соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2019 гардидаанд.

Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, аз ҷумла ба олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои табиӣ, риёзӣ, тиббӣ, бунёдӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ супорида шуд.

Дар анҷоми маросими бошукӯҳи мукофотсупорӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафароне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳамаи  онҳое, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд, дар оянда низ тамоми қудрату тавонашонро ба хотири ободии кишварамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дигар ҳадафҳои бунёдкорона дареғ намедоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520