Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи меҳмонхонаи нав ва боздид аз обанбори Мӯъминобод

10.09.2019 14:47, ноҳияи Мӯъминобод

10 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ меҳмонхонаи навро дар як ҷойи хеле хушбоду ҳаво ифтитоҳ карда, аз обанбори Мӯъминобод боздид ба амал оварданд.

Обанбори Мӯъминобод, ки барои обёрии заминҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Мӯъминобод ва Восеъ нигаронида шудааст, ҷойи мусоиду мувофиқ барои рушди варзишӣ шиноварӣ ва қайқронӣ мебошад.

Дар фасли гармо обанбор барои оббозӣ ва атрофи он барои сайру тамошои мардум хеле созгор аст.

Дар ин ҷо дастаи қайқронҳои ноҳия ва шаҳри Душанбе бо истифода аз шароити мусоид ба машқу тамрин машғул мебошанд.

Қобили зикр аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар дар ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Ин имкон медиҳад, ки ҷавонону наврасон бо истифода аз ҳамаи шароитҳои муосир ба варзиш машғул шаванд.

Баъди тамошои обанбори Мӯъминобод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди обанбор, дар як мавзеъи хушбоду ҳаво меҳмонхонаи навро ба истифода доданд.

Меҳмонхона, ки аз тарафи сооҳибкорони ватандӯсти ноҳия ба истиқболи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ-30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд шуд, туҳфаи арзишманди ҷашнӣ мебошад.  

Меҳмонхона аз ду ошёна, толори маҷлис, ҳуҷраи гуфтушунид, ҳуҷраҳои хоб бо тамоми шароит, ошхона, толори зиёфати расмӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.

Барои ба талабот ҷавобгу намудани иншоот даруну беруни бино ва ҳуҷраву долони меҳмонхона аз усули маъмули миллии меъмории ороиш бо гачу оинабандӣ истифода гардидааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520