Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз намоиши маҳсулоти саноатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара

12.09.2019 08:59, ноҳияи Данғара

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон нахуст бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатӣ шинос шуданд.

Дар ин ҷо корхонаҳои саноатии дар ҳудуди вилояти Хатлон мавҷудбуда маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба маъраз гузоштанд.

Танҳо дар 7 моҳи соли 2019 дар вилояти Хатлон 41 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси наздики 600 ҷойи корӣ ба истифода дода шудааст. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4 миллиарду 921 миллион сомонӣ расонида шуда, афзоиш дар сатҳи 110,5 % таъмин гардидааст.

Таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ва афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот боиси ба шуғли доимӣ фаро гирифтани мардум ва бештар шудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаву қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти саноатӣ гардид. Оянда бунёду ба истифода додани иншооти нави саноатӣ ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда марҳила ба марҳида амалӣ гардонида мешавад.  

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат масъулинро барои таъмини рушди аз инҳам бештари соҳаи саноат вазифадор намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520