Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози фаъолияти корхонаи коркарди шири ҶДММ «Шири Данғара»

12.09.2019 09:00, ноҳияи Данғара

Сипас дар ноҳияи Данғара бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди шир ба фаъолият оғоз намуд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» 11 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, сметана, ҷурғоти хонагӣ, ва 3 намуд кефири мевагӣ, творог, чакка ва шир истеҳсол карда мешавад.

Иншооти саноатӣ аз тарафи соҳибкор Баҳром Олимов бунёд карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои мусоидат дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда изҳорӣ сипос намуданд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» 25 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кор фаро гирифта шуданд.

Ҳамзамон дар ҳамин ҷо нақшаҳои оянда барои васеъ намудани самти фаъолияти корхона ба муҳтарам Пешвои миллат муарифӣ карда шуд. Иттило дода шуд, ки оянда аз тарафи соҳибкор фермаи чорвои калони шохдор бунёд карда мешавад. Бо ин мақсад 100 сар говҳои зоти ворид карда хоҳад шуд.

Ҳамзамон бунёду ба истифода додани корхонаҳои хурди истеҳсоли яхмос, коркарди гӯшт ва истеҳсоли ҳасиб ба нақша гирифта шудааст.

Тавре дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дарҷ гардидааст, гузаштан аз кишвари агро-саноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ яке аз ҳадафҳои аслӣ маҳсуб меёбад.

Ифтитоҳи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» дар доираи татбиқи нишондодҳои ин ҳадафи стратегӣ сурат гирифта, барои саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат мекунад.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520