Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара»

12.09.2019 10:56, ноҳияи Данғара

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара» - ро ифтитоҳ намуданд.

Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 - уми августи соли 2019 дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57 таъсис дода шуда, он барои ба омӯзиш фаро гирифтани ҷавонону наврасон ва инчунин сокинони бешуғли мамлакат ба ихтисосҳои системаи компютерӣ ва интернет технология, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил бо иловаи ронандаи дараҷаи «С», монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, кафшергари газию барқӣ, дӯзанда, инчунин ошпаз-қаннод, калобаресӣ ва рангубордиҳӣ дар саноати субук ва ғайра пешбинӣ гардидааст.

Бинои муассиса бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов ва Абдусаттор Сафаров мутобиқ ба талаботи муосир пурра навсозӣ ва таъмир гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Иншоот аз ду ошёна ва се қисм иборат буда, дорои 14 синфхона, утоқҳои корӣ, толори муосири варзишии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Дар муассиса имкон аст дар як баст 300 хонанда ба таълим фаро гирифта шавад ва дар он хонандагон баъди хатми синфи 9 ва 11 қабул карда мешаванд. Дар назди ин муассисаи таълимӣ ҳамчунин кусрҳои кутоҳмуддат амал мекунанд ва имкон аст шахсони бешуғл ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд.

Синфхонаҳои таълимию касбомӯзӣ бо аёниятҳои хониш ва инчунин дастгоҳҳои зарурӣ, аз қабилӣ муҳаррик ва ҷузъҳои автомобил, таҷҳизоти барқию газӣ, мошинаҳои дарздӯзӣ, компютер ва дигар лавозимот таъмин буда, дар онҳо беҳтарин шароити касбу ҳунаромӯзӣ муҳайё мебошад.

Инчунин дар муассиса озмоишгоҳҳои фаннӣ амал мекунанд, ки ҳар кадоми он бо дастгоҳу таҷҳизоти ташхисӣ таъмин карда шудааст.

Дар ин муассисаи таълимӣ ҷавонону наврасон ва инчунин нафарони калонсоли бешуғл аз ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат имкон доранд таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунар гарданд. Барои сокинони шаҳру ноҳияҳои дурдаст дар назди муассиса хобгоҳи наву замонавӣ бунёд карда шудааст. Хобгоҳ аз 10 ҳуҷраи хоб ва инчунин утоқу иншооти дигар иборат буда, он барои писарон ва ҳам духтарон пешбинӣ гардидааст.

Зимни суҳбат бо масъулону омӯзгорони муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ва аҳамият зоҳир намудан ба сифати таълимро муҳим ва ҳатмӣ шумориданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520