Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

04.10.2019 10:52, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд.

Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо - тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он мебошад.

Забони модарии мо - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад.

Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист.

Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.

Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд.

Солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи «забони тоҷикӣ» - ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид.

Бинобар ин, ба ҳамватанону дӯстдорони забони тоҷикӣ муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки барои омӯзишу таҳқиқи таърихи забонамон ҳарчи бештар талош намуда, ҷиҳати омода кардани мутахассисони таърихи забон, бахусус, донандагони забонҳои қадимаамон, ки имрӯз ангуштшумор мебошанд, инчунин, шевашиносону хатшиносон чораҷӯӣ намоянд, то ки дар асоси калимаву ибораҳои зебову шевои бостониамон нуқсу камбудиҳои забони имрӯзаамонро бартараф сохта, онро боз ҳам ғанӣ гардонем.

Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд.

Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд.

Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст.

Осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошад.

Ин осори ҷовидонаро ҳар як фарзанди соҳибмаърифати миллат имрӯз ба осонӣ ва бе луғат мехонаду мефаҳмад.

Масалан, ашъори устод Рӯдакӣ-зодаву парвардаи деҳаи Панҷрӯди шаҳри бостонии Панҷакент ва сардафтари адабиёти тоҷику форсро имрӯз, яъне баъди зиёда аз ҳазор сол ҳар яки мо ба осонӣ мефаҳмем ва аз маъниҳои баланди он лаззат мебарем.

Ин, албатта, мояи ифтихору сарфарозии мо-ворисони ин мероси бузурги маънавӣ мебошад.

Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.

22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қонуни забон қабул гардида буд.

Вале қисме аз муқаррарот ва меъёрҳои қонуни забоне, ки дар замони сохти гузашта расмият ёфта буд, бо гузашти замон, яъне баъди бист соли амали он наметавонистанд талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолӣ пурра қонеъ гардонанд.

Аз ин лиҳоз, зарурат пеш омад, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия ва қабул карда шавад.

Бо ин мақсад, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Бинобар ин, мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо-ҳозирини муҳтарамро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик мегӯям.

Дӯстони азиз!

Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забонро муайян карда, дурнамои рушди онро дар замони истиқлоли давлатӣ - дар шароити дигаргуниҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба танзим медарорад.

Яъне тавассути ин қонун забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф гардид.

Бо вуҷуди ин, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вазифадоранд, ки иҷрои ҳатмии талаботи қонуни мазкурро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда, барои риояи меъёрҳои он ва рушди бемайлони ин забони шоирона талош варзанд.

Мо бояд барои устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намоем, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш кунем, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем.

Омӯхтану донистани ин забони ширину шоирона ва ғамхорӣ барои рушд ёфтану фарогир шудани он қарзи ҳар як фарди соҳибмаърифату бонангу номуси миллат ва тамоми соҳибзабонон мебошад.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки бар асари назорати нокифоя аз тарафи мақоми назораткунандаи татбиқи қонун талабот ва муқаррароти он аз ҷониби баъзе вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳанӯз ҳам пурра амалӣ нагардида, дар ин самт як силсила мушкилоте боқӣ мондаанд, ки бояд ҳал карда шаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки як қатор бандҳои дар “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016” пешбинишуда бо сабабҳои номаълум аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор то ҳанӯз амалӣ нашудаанд.

Аз ҷумла, таҳия ва нашри Энсиклопедияи забони тоҷикӣ, ки Вазорати фарҳанг ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик масъулони он мебошанд, то ҳол ба сомон нарасидааст.

Ҳамчунин, зарур мешуморам, ки ҷиҳати устувор намудани пояҳои забони давлатӣ аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ва илм “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Дар баробари ин, мо бояд ба таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад, эътибори ҷиддӣ диҳем.

Дар замони пешрафти бесобиқаи илму техника таҳияи истилоҳ ё истилоҳсозӣ ба сифати омили тавонбахши забон дар ҷомеаи мо аҳаммияти мубрам пайдо кардааст.

Ба вуҷуд овардани забони илм бе таҳияву танзими истилоҳоти соҳаҳои мухталифи илм ва то ҳадди забони меъёр такмилу сайқал додани он ғайриимкон аст.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки барои тавсеаи доираи калимасозиҳои мавзӯӣ, аз қабили истилоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра аз имкониятҳои забони модарӣ ҳамаҷониба истифода карда шавад.

Бо мақсади ҳифзи асолати забон ҳангоми истифодаи истилоҳот бояд ҳам зарфияти унсурҳои пойдори забони давлатӣ ва ҳам иқтибосгирии оқилонаву санҷида ба таври мутавозин дар мадди назар бошад.

Мо бояд аз иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосиро ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонем.

Ҳарчанд ки бо ҳадафи танзими ин масъала дар назди Кумитаи забон ва истилоҳот Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳот таъсис ёфта, аз ҷониби он як силсила корҳои омӯзишӣ ва тавсиявӣ ба анҷом расонида шудаанд, вале то ҳанӯз як қатор мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мондаанд.

Аз ҷумла дар ин самт то андозае бесарусомонӣ ба назар мерасад, яъне дар мавриди ифодаи як мафҳум истилоҳу калимаҳои мухталиф истифода шуда, хонанда ё шунавандаро ба раҳгумӣ мебарад.

Аз ин рӯ, Кумитаи забон ва истилоҳотро зарур аст, ки якҷо бо Академияи илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг доир ба таҳия, қабул ва татбиқи истилоҳоти ягона дар ҳамаи соҳаҳо тадбирҳои иловагӣ андешад.

Дар раванди таҳияи дастурҳои истилоҳсозӣ ба лаҳҷаву шеваҳои забони тоҷикӣ, ки ганҷинаи пурфайзи забони модарӣ ба ҳисоб мераванд, бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.

Дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазорон калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки бо сабабҳои гуногун аз доираи истеъмол берун мондаанд.

Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд.

Бештари мафҳумҳои наве, ки ба таркиби луғавии забони модарии мо роҳ меёбанд, натиҷаи пешрафту дигаргуниҳои ҷаҳони имрӯза мебошанд.

Ба ибораи дигар, раванди ҷаҳонишавӣ, пешрафти босуръати илму техника, аз ҷумла технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, фаъол гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин, бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо дар замони муосир ба забони давлатӣ низ таъсир мегузорад ва дар роҳи рушди табиии он монеаҳои сунъӣ эҷод мекунад.

Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки милликунонии забони технологияҳои навин дар кишвар дар меҳвари таваҷҷуҳи сохтору мақомоти марбута қарор дошта бошад.

Масалан, таъсири манфии ихтилофи баъзе бандҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки муайянкунандаи шакли хаттии забон мебошанд, дар таҳияи барномаи компютерии «Санҷиши дурустнависии калимаҳои тоҷикӣ» ба мушоҳида мерасад ва ин мушкилот то имрӯз ҳаллу фасл нашудааст.

Барои ҳалли ин ва дигар мушкилот бояд сараввал камбудиву духӯрагиҳои ҷиддие, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар мерасанд, ислоҳ карда шаванд.

Зеро вазъи номуайяни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он боиси баҳсу мунозираҳои нолозим шуда, ба сатҳи саводнокии мардум, махсусан, насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ расонида истодааст.

Вобаста ба ин, ба Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон ва сохторҳои марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода мешавад, ки “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” - ро бо дарназардошти ислоҳи камбудиву мушкилоти дар онҳо ҷойдошта то моҳи январи соли 2020 барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Инчунин, Институти забон ва адабиёти ба номи устод Рӯдакӣ вазифадор карда мешавад, ки бо ҷалби мутахассисони соҳа луғати имлои забони адабии ҳозираи тоҷикро то нимаи дуюми соли 2020 такмил дода, ба чоп пешниҳод созад.

Донишмандони забоншиноси мо дар хотир бояд дошта бошанд, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ танҳо барои олимон нест, балки дастури амалиест, ки ҳадафи он саводнок кардани тамоми мардум буда, бояд ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа дастрасу фаҳмо бошад.

Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки ин масъалаи барои ҷомеа бисёр муҳимро дар сатҳи мувофиқ ба забони пурғановати худ ҳаллу фасл кунем ва ба он нуқта гузорем.

Вобаста ба ин, як масъаларо, ки пештар ба он ишора карда будам, таъкид кардан мехоҳам.

Кайҳо вақти он расидааст, ки “Грамматикаи академии забони тоҷикӣ”, ки дар гузашта бо номи “Дастури забон” ё “Дастури ҷомеи забон” китобҳои муътабаре таълиф шуда буданд, ба вуҷуд оварда шавад.

Грамматикае, ки чил-панҷоҳ сол пеш навишта шуда буд, ҷавобгӯи талаботи илм ва ҷомеаи имрӯзаи мо нест.

Яке аз заминаҳои печидагӣ ва гуногунфаҳмиҳо дар имлои тоҷикӣ низ набудани дастури навини забон ё такя ба грамматикаи куҳна мебошад.

Аз ин лиҳоз, Академияи илмҳоро зарур аст, ки бо дарназардошти ба талаботи замони нав ва воқеияти имрӯза мутобиқ намудани грамматикаи қаблан нашршуда барномаи мушаххас ва дақиқро пешниҳод созад.

Дигар масъалаи муҳим, ки бо технологияҳои навтарин вобаста аст, феҳристбандии электронии тамоми калимаҳои забони тоҷикӣ бар асоси маъхазҳои қадимаву имрӯза ва ба барномаи компютерӣ ворид кардани он ба шумор меравад.

Ба хотири дастрасии ҳарчи бештар ба сарчашмаҳои дасти аввал бояд шакли электронии фарҳангҳои муътамад, аз қабили «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Деҳхудо ва дигар фарҳангу истилоҳномаҳои соҳавӣ бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ба шабакаҳои иттилоърасонӣ ворид карда шавад.

Кумитаи забон ва истилоҳот, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик бояд вобаста ба ҳалли ин масъалаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳозирини арҷманд!

Эҳё кардани номҳои миллии тоҷикӣ, ба танзим даровардани онҳо ва номҳои ҷуғрофӣ яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати забонии мо мебошад.

Бо такя ба суннатҳои арзишманди гузаштаи халқамон барои эҳё намудани номҳои қадимаи тоҷикӣ ва истифодаи саҳеҳ аз қолабҳои калимасозии миллӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» тасдиқ шуда, меъёрҳои интихоби номҳои миллӣ муқаррар карда шуданд.

Ҳадаф аз таҳияи феҳрист эҳё кардани арзишҳои маънавӣ ва мероси бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ, инчунин, номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад.

Феҳрист бо таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги номгузории ниёгони мо таҳия гардида, дар он ҳеҷ маҳдудият вуҷуд надорад.

Аммо дар ин самт аз ҷониби масъулони шаҳраку деҳот ва идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳанӯз ҳам саҳлангориву бемасъулиятӣ ба чашм мерасад, яъне баъзеи онҳо то ҳол пойбанди равишу усули пешинаи номгузорӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки баъзе падару модарон ба ин масъалаи муҳим беэътиноӣ зоҳир карда, фарзандони худро бо номҳои дорои маънои коста ё номҳое, ки ба анъанаҳои номгузории миллии мо бегонаанд, номгузорӣ мекунанд.

Дар урфият “номи зебо-ними ҳусн” гуфтаанд.

Дар хотир бояд дошт, ки асолати миллӣ доштани номи инсон омили нерӯманди ташаккули шахсият ва эҳсоси худогоҳиву хештаншиносии ӯ ба шумор меравад.

Хотирнишон месозам, ки бегонапарастӣ дар самти номгузорӣ наслҳои ояндаро аз асолати таърихӣ дур мекунад, худшиносӣ ва ҳувияти миллии онҳоро коҳиш медиҳад, ки ба ин раванд ҳаргиз роҳ додан мумкин нест.

Вазорати адлия ва Кумитаи забон ва истилоҳот вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ин масъаларо ба таври ҷиддӣ таҳти назорат қарор диҳанд ва доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба асноди қонунгузорӣ пешниҳоди мушаххас таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Ҳамчунин, як қатор норасоиву ғалатҳое, ки дар ин феҳрист вуҷуд доранд, ислоҳ мехоҳанд ва зарур аст, ки онҳо дар таҳрири нав бартараф карда шаванд.

Дар баробари ба танзим даровардани номҳои одамон танзими номҳои маҳаллу деҳот ва шаҳру ноҳияҳо низ аз ҷумлаи масоили бағоят ҳассос аст, зеро номҳои ҷуғрофӣ таърихи зиндаи ҳамаи забонҳо, аз ҷумла забони модарии мо мебошанд.

Зарур аст, ки номҳои асили миллии ҷуғрофӣ ҳифз гардида, номи аслии маҳаллу мавзеъҳое, ки бо сабабҳои гуногун тағйир ёфтааст, дубора барқарор карда шавад.

Бо ташаббуси мо дар харитаи сиёсӣ дигарбора арзи ҳастӣ кардани номҳои куҳани Суғд, Хатлон, Бохтар, Рӯдакӣ, Истаравшан, Рашт, Сайҳуну Ҷайҳун ва садҳо номи дигар, ки гузаштаи пурифтихори моро ба имрӯз ва имрӯзро ба фардо пайванд медиҳанд, барои эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва тавсеаи доираи худогоҳиву худшиносии миллии мардуми мо нақши муассир гузошт.

Аммо дар ин ҷода корҳои сомоннаёфта хеле зиёданд.

Ҳоло ҳам комиссияҳои номгузории баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳангоми интихоби ном хусусиятҳои таърихиву ҷуғрофӣ ва касбу кори мардуми маҳалҳои аҳолинишин ва деҳоти навбунёдро ба эътибор намегиранд.

Масъалаи дигари ташвишоваре, ки дар номҳои шаҳру ноҳия ва деҳоти кишвар ба чашм мерасад, вобаста ба номи шахсони бузургу муътабар ва арбобони давлатист.

Дар ин маврид низ зарур аст, ки қолабҳои суннатии сохтани номи маҳалҳо риоя карда шаванд.

Кумитаи забон ва истилоҳотро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот дар ин замина чораҳои фаврӣ ва ҷиддӣ андешида, бо ҷалби мутахассисони соҳа муродифҳои тоҷикии макону мавзеъҳоеро, ки номи онҳо бояд иваз карда шавад, муайян ва барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Боиси сарфарозиву ифтихори мо - ворисон аст, ки забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст.

Бо ифтихори тамом метавон гуфт, ки дар амри бақову ҳастии миллат ва забони мо сулолаи некноми Сомониён нақши калидӣ дорад.

Ватанхоҳиву истиқлолталабии Сомониён сабаб гардид, ки забони тоҷикӣ дар рӯзгори давлатдории онҳо қудрату тавоноӣ ва рушду такомули беназиру бесобиқа пайдо кард ва барои поягузории адабиёту фарҳанги оламгир, ки таъсиру нуфуз ва анъанаҳои бузургаш то замони мо идома доранд, заминаи мусоид фароҳам овард.

Дурахши истеъдодҳои нотакрор, ба мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯмансури Дақиқӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосими Унсурӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Шайх Саъдӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Мавлоно Ҷомӣ ва дигарон, ки ҳам дар шеъру адаб ва ҳам дар илму фан забони модарии моро барои ифодаи маъниҳои нозуки бадеӣ ва андешаҳои дақиқи илмӣ қудрату тавон бахшидаанд, аз баракати сулолаи Сомониён ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин, бо ҳидояти амирони фозили сомонӣ таълиф гардидани асарҳои зиёди диниву мазҳабӣ барои ба сифати забони дуюми олами ислом расмият пайдо кардан ва баъдан дар мақоми забони байналмилалӣ эътироф гардидани забони мо замина ва имкони мусоид фароҳам овард.

Забони тоҷикӣ дар таълифоти илмӣ собиқаи беш аз ҳазорсола дорад. Бузургтарин донишмандони мо - Абӯалӣ ибни Сино бо таълифи «Донишномаи Алоӣ» ва Абӯрайҳони Берунӣ бо таълифи «Китоб-ут-тафҳим» ва “Осор-ул-боқия” бунёдгузорони забони илмии тоҷикӣ ба шумор мераванд, ки ин анъанаи ватанхоҳона дар асрҳои баъдӣ аз тарафи донишмандони маъруф Насируддини Тӯсӣ, Умари Хайём ва то Аҳмади Дониш идома пайдо кард.

Масъалаи ба пояи забони илми муосир расонидани забони тоҷикӣ аз ҷумлаи муҳимтарин масъалаҳоест, ки ман борҳо гуфтаам.

Дар замони мо тавоноиву қудрати ҳар забон дар баёни матолиби илмӣ ва ифодаи комили мафҳуму истилоҳоти илмҳои гуногун зоҳир мешавад ва бақову идомаи он низ ба доираи истифода ва корбурдаш дар илм вобаста аст.

Моро лозим аст, ки барои ҳамқадами замон шудани забони давлатӣ ва бар пояи забони илм рушд кардани он дастҷамъона кӯшиш намоем.

Бо ташаббуси мо Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд ва таълифи рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм ба роҳ монда шуд.

Донишмандони мо, аз ҷумла унвонҷӯёнро зарур аст, ки рисолаву асарҳои илмии худро ба забони давлатӣ таълиф кунанд.

Фикр мекунам, ки ин иқдоми ватанпарварона дар амри тақвияту тавсеаи имкониятҳои забони тоҷикӣ дар соҳаи илм муассир хоҳад буд.

Ҳамзамон бо ин, барои шахсоне, ки муассисаҳои таълимӣ ва илмиро ба забонҳои русӣ ва англисӣ хатм карда, рисолаҳояшонро ба ин забонҳо омода кардаанд, иҷозат дода мешавад, ки корҳои илмиашонро бо ҳамин забонҳо дифоъ намоянд.

Зеро забонҳои зикршуда забони илму муоширати байналмилалӣ ба шумор рафта, донистани онҳо аҳаммияти бағоят бузург дорад.

Дар ҷаҳони мутамаддин имрӯз шаш забони фаъоли муоширати байналхалқӣ ҳамчун забонҳои расмии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, ки мо низ бояд насли ҷавонро барои донистани онҳо раҳнамоӣ созем ва дар созмонҳои бонуфуз бо ин забонҳо аз манфиатҳои милливу давлатии худ дифоъ кунем.

Ҳозирини гиромӣ!

Забони ҳар халқу миллат воқеан ойинаи рӯзгори миллат, расму ойин, суннату анъана ва донишу фарҳанги мардум мебошад.

Ба ин далел забон дар раванди таъсис ва шаклгирии давлати миллӣ ҳамчун унсури аввалин ва рукни бунёдии давлатдорӣ нақши ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз дорад.

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон омили муҳимтарини муттаҳидкунандаи миллат буд.

Ва мо ифтихор дорем, ки забони ноби модарии мо ин рисолати таърихӣ ва нақши тақдирсози худро дар замони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ низ иҷро карда истодааст.

Дар шароити пуртазоду печидаи ҷаҳони имрӯза офтоби бахти миллате тобон аст, ки истиқлоли комил дорад, сарнавишти давлат ва тақдири худро бо дасти худ менависаду месозад.

Шукрона бояд кард, ки чунин бахту иқболи баланд баъди ҳазор сол ба мо - тоҷикон бори дигар насиб гардид ва аз файзу баракати он давлати мо сиёсати худро дар қатори дигар кишварҳои олам мустақилона амалӣ карда истодааст.

Маҳз истиқлоли давлатӣ барои дурахши дигарбораи яке аз муқаддасоти миллии мо – забони тоҷикӣ ва рушду такомули он заминаи мусоид ва имкониятҳои фаровон муҳайё намуд.

Забони тоҷикӣ, дар навбати худ, ба сифати рукни муҳимми давлатдории миллӣ ваҳдату сарҷамъии миллати моро дар саросари кишвар таъмин сохт.

Имрӯз ҳам ин забон илҳомбахши фаъолияти ҳаррӯзаи мо буда, бунёдкориву созандагиҳои мардумамон дар ин забон таҷассум меёбанд ва ба оламиён муаррифӣ мешаванд.

Ман ҳамеша таъкид мекунам, ки дар замони имрӯза ҳар як шахси бомаърифат, махсусан, ҷавонон баробари дар сатҳи аъло донистани забони модарии худ се-чор забони хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисиро бояд омӯзанд, ки ин талаботи ҷаҳони муосир аст.

Дар баробари ин, мо дар сиёсати хориҷии худ сиёсати “дарҳои кушода”-ро пеш гирифтаем ва бо 160 давлати ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорем. Ин воқеият низ моро вазифадор менамояд, ки миёни насли ояндаамон забондониро таблиғ намоем.

Ин масъала аз тарафи ниёгони мо басо нишонрас маънидод шудааст:

Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
Туро рӯзе ба кор ояд, забун нест.

Боиси қаноатмандист, ки сафи ҷавонони омӯзанда ва донандаи забонҳои хориҷӣ солҳои охир хеле зиёд шудааст.

Бисёр муҳим аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар заминаи қонуну қоида ва меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ сурат гирад, яъне аввал забони модарии худро ба дараҷаи олӣ бояд донист ва сипас дар қиёс бо дастурҳои он ба фарогирии забонҳои хориҷӣ иқдом намуд.

Бузургони гузаштаи мо дар ин маврид низ бисёр дуруст гуфтаанд:

Ҳар к-ӯ ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон-ш осон гардад.

Аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва дар баробари ин, беэътиноӣ зоҳир кардан ба омӯзиши забони модарии худ нишонаи бефарҳангӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст ва пеш аз ҳама, падару модарон масъуланд, ки ба чунин амали нораво роҳ надиҳанд.

Мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон нахуст забони модариро аз худ кунанд, ба он эҳтирому арҷ гузоранд ва сипас ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ оғоз намоянд.

Дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он, хусусан, забони муошират яке аз муҳимтарин вазифаҳои мо мебошад.

Мутаассифона, ғалатгӯиву ғалатнависӣ ва омехтасозии забони шевои тоҷикӣ, бахусус, забони гуфтор то ҳанӯз аз байн нарафтааст ва ин боиси нигаронист.

Махсусан, солҳои охир фарҳанги муоширати қисме аз наврасону ҷавонон коҳиш ёфта, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла боғу гулгаштҳо, нақлиёти мусофиркаш ва қасру толорҳои фарҳангӣ алфози қабеҳу дағал ба гӯш мерасад, ки ин амали нораво аз доираи фарҳанг ва расму ойини мо берун мебошад.

Мо бояд дар байни наврасону ҷавонон корҳои тарбиявию маърифатиро мунтазам ва ҳарчи бештар ба роҳ монем ва нагузорем, ки маданияти баланду одоби тоҷикӣ, яъне мероси аҷдоди бузургамон коста гардад.

Вобаста ба ин, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, корҳои дохилӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, телевизион ва радио, дигар мақомоти давлатии марказиву маҳаллӣ, инчунин, падару модарони муҳтарам вазифадоранд, ки ба хотири ҳарчи бештар густариш пайдо кардани одобу ахлоқи ҳамида ва риояи фарҳангу анъанаҳои неки миллӣ дар байни наврасону ҷавонон корҳои тарбиявию ташвиқотиро пурзӯр намоянд.

Мутаассифона, имрӯз сатҳи сухандонӣ, шеърдонӣ ва китобхонии наврасону ҷавонон низ ташвишовар мебошад.

Мо ҳангоми сафарҳо ва мулоқот бо наврасону ҷавонон эҳсос мекунем, ки онҳо кам мутолиа мекунанд, асарҳои бадеиро бо завқ намехонанд, аз осори гузаштагону муосирон, санаҳои таърихиву фарҳангӣ хуб огоҳ нестанд ва ба омӯзиши илмҳои табиатшиносиву дақиқ беэътиноӣ зоҳир менамоянд.

Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф ва илм, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, супориш дода мешавад, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, сарфи назар аз шакли моликият, ҳангоми таътилҳои чорякӣ ва тобистонаву зимистона омӯзишу мутолиаи асарҳои илмиву адабиро ба роҳ монанд ва бо мақсади қавӣ гардонидани ҳофизаи хонандагону донишҷӯён барои азхудкунии порчаҳои назмиву насрӣ ва қоидаву асосҳои фанҳои риёзиву табиӣ меъёру талаботи заруриро муқаррар намоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд якҷо бо ассосиатсияҳои падару модарон назоратро дар муассисаҳои таълимӣ пурзӯр карда, ҷиҳати ҳавасманд гардонидани омӯзгорону шогирдони фаъол чораҷӯӣ намоянд.

Мо бояд дар раванди тарбияи насли наврас, ки тақдири ояндаи забон дар дасти онҳост, аз оғози ба сухангӯӣ даромадани онҳо дар зеҳну забонашон калимаву ибораҳои зебои тоҷикиро ҷой диҳем.

Бояд гуфт, ки дар равону шево гардидани забони тоҷикӣ, баланд бардоштани сатҳу завқи забондонии мардум ва пешгирӣ кардани ғалатгӯиву ғалатнависӣ нақши воситаҳои ахбори умум бисёр муҳим аст.

Оид ба ин масъала ман соли ҷорӣ зимни мулоқот бо доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ибрози андеша карда будам.

Хотирнишон месозам, ки дар маводи чопии баъзе рӯзномаву маҷаллаҳо қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳоло ҳам риоя намешаванд.

Чунин ҳолат дар барномаҳои телевизиону радио низ зиёд ба назар мерасанд, ки ҷиҳати ислоҳи он бояд тамоми масъулону кормандони шабакаҳои телевизиону радио талош намоянд.

Дар ҳоле ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио дар тарғиби забони ноби тоҷикӣ ва вусъати доираи истифодаи он саҳми арзишманд дошта метавонанд, дар аксар маврид ба одитарин тобишҳои забони давлатӣ эътибор намедиҳанд.

Набояд фаромӯш кард, ки телевизиону радиои моро на танҳо дар ҳудуди кишвар, балки берун аз он низ тамошо ва гӯш мекунанд.

Забони тоҷикӣ имрӯз дар мақоми расмиву давлатии худ на фақат дар коргузорӣ ва муоширати дохилӣ, балки дар робитаҳои хориҷиву байналмилалии мо низ васеъ истифода мегардад.

Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки таҷрибаи даҳ соли сипаришуда дар татбиқи амалии Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” нишон дод, ки бо дарназардошти рушди муназзами кишвар зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба он пеш омадааст.

Ҷараёни амалисозии қонун ошкор намуд, ки дар бисёр моддаҳои он камбудиҳо ҷой дошта, масъалаҳои зиёде дар самтҳои гуногуни иҷтимоиву сиёсӣ, фарҳангиву илмӣ ва дигар равандҳо аз назарҳо дур мондаанд ё номукаммал дарҷ шудаанд, ки бояд мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор дода шаванд.

Ҳамватанони азиз!

Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем.

Ин забони қадиму асил сарвати бебаҳо ва аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мост.

Мо соҳибзабонон дар назди наслҳои фардо барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он масъулият дорем ва онро бояд ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ кунем ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода барем.

Қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем.

Бо ифтихору садоқат ба забони модарӣ, бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан дар ҷодаи хизмат ба хотири ҳифз ва рушди забони давлатӣ барору комёбиҳо орзумандам.

Хонаободу сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520