Эмомалӣ Раҳмон ва соле, ки ба қарнҳо баробар аст
Китоби 4. Нашри дуюм.
(Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар соли 2004).
Дар китоб идомаи иқдоми наҷибонаи таҳлилӣ ва фарогирандаи омилҳои муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2004, ҷараёни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат инъикос гардидааст.
Муаллифон бо нишондоди бузурги сиёсию иқтисодии соли 2004 зербинои онро аз натиҷаи талошу заҳматҳои фидокоронаву садоқатмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар алоқамандии беназири пуштибонии нерӯҳои солими ҷомеа бо фаъолияти ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудаанд, маънидод карданд ва бешубҳа ин ақида илман асосноку ифодагари равшани воқеияти комили имрӯзи Тоҷикистони навин мебошад.
Китоб ҳамчун манбаи комили иттилоотию таҳлилӣ барои доираи фарохи хонандагон, сиёсатшиносону муаррихон, устодону шогирдони макотиби олӣ, аспирантон ва муҳаққиқони дохилу хориҷ пешбинӣ шудааст.
Муаллифон:
Шарифзода Абдуфаттоҳ
Шамсиддинов Садриддин
Душанбе: «Ирфон». - 2011. –372 саҳ.