Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

05.10.2019 14:18, шаҳри Душанбе

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Александр Лукашенко ба беҳтарин таманниёти хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзашон табрику муборакбодӣ намуданд.

Дар рафти суҳбат Сарвари Беларус нақши бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар, таъмини рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ  таъкид карданд.

Сарони ду давлат атрофи ҳолати кунуниву роҳҳои густариши тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус мубодилаи афкор анҷом доданд. Зимнан, ба рафти иҷрои  мувофиқаҳои дар ҷараёни мулоқотҳои қаблии сарварони ду кишвар бадастомада диққати махсус дода шуд.

Президентҳои Тоҷикистон ва Беларус ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи минтақивию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520