Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо шаҳрдори Берни Конфедератсияи Швейтсария Алек фон Граффенрид

05.11.2019 18:48, Швейтсария

5 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳрдори Берн Алек фон Граффенрид мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили густариш ва барқарорсозии муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо ин шаҳри таърихии Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз истиқболи самимии шаҳрдорӣ изҳори сипос карда, таъкид доштанд, ки Конфедератсияи Швейтсария дар сиёсати хориҷии кишвари мо ҷойгоҳи хоса дорад ва Тоҷикистон онро яке аз кишварҳои дӯст, шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.

Таъкид гардид, ки айни замон Душанбе - пойтахти Тоҷикистон бо 18 шаҳри давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бародаршаҳр мебошад.

Бинобар ин изҳори итминон карда шуд, ки барқарории робитаҳои бародаршаҳрии Берн бо пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ҷиҳати густариши робитаҳои дӯстонаи ду халқ ва тавсеаи мубодилаи фарҳангӣ, илмӣ, зиёиён, ҷавонони ду кишвар, ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии таълимии шаҳри Берн ва шаҳри Душанбе, мусоидат хоҳад намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои инфрасохтори сайёҳӣ, технологӣ, густариши равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории дуҷониба баррасӣ карда шуд.

           

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520