Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии
ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти идоракунӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ф а р м о н м е д и ҳ а м:
1) Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2) Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
3) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
а) идораҳои зерини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис диҳад:
- Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии таъминоти амволи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
б) дар мўҳлати се моҳ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба ҳамин Фармон мутобиқ намояд;
в) масъалаҳоеро, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, аз ҷумла масъалаҳои ташкилию молиявӣ ва моддии мақомоти давлатии зикргардидаро ҳал намояд;
г) ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои собиқ Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вогузор намояд.
4) Ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 №9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
а) дар банди 3:
- аз сархати ҳафтум калимаҳои «ҳамчунин вазифаҳои собиқ Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои масъалаҳои дастгирии соҳибкорӣ» хориҷ карда шаванд;
- сархатҳои ҳаштум ва шонздаҳум хориҷ карда шаванд.
б) дар Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 №9 тасдиқ шудааст:
- дар банди 1 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- аз банди 4 сархати дуюм хориҷ карда шуда, ба он сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- дар банди 5 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- аз банди 5 сархати нўҳум хориҷ карда шуда, ба он сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
«Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
«Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон».


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе
9 марти соли 2010
№832

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520