Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати фарорасии Соли нави 2010-и мелодӣ

01.01.2010 01:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Падарону модарон ва бародарону хоҳарони арҷманд!
Фарзандони меҳрубон!

Мувофиқи солшумории мелодӣ баъди чанд лаҳза соли нави 2010-ум фаро мерасад.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо - азизон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегўям ва орзўманди рўзгори хушу осуда, файзу баракат ва саодати зиндагии ҳар хонадони тоҷик мебошам.

Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоли мо ба соли даҳуми асри XXI бо татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои бузурги стратегиву тақдирсози худ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва сатҳу сифати шоистаи зиндагии мардум, ки то имрўз дар ин самтҳо хеле қадамҳои устувор гузошта шудаанд, ворид мегардад.

Мардуми шарифи мо имтиҳону озмоишҳои ҷиддии давраи истиқлолиятро сарбаландона паси сар карда, дар шароити бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ бо кору пайкори созанда мавқеи давлати соҳибистиқлоли худро дар арсаи байналмилалӣ тадриҷан тақвият бахшида, бо эътимоди қавӣ ба ояндаи неки давлату халқи хеш ба хотири ободии Ватани азиз ва беҳдошти сатҳу сифати зиндагӣ бо азму иродаи мустаҳкам заҳмат мекашанд.

Дар натиҷаи кўшишу талоши аҳлона барои то андозае бартараф намудани мушкилоти энергетикӣ, фароҳам овардани инфраструктураи муосири коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстиву ватанпарастии мардум, ки ҳама дар маҷмўъ зербинои давлатдориву ватандорӣ мебошанд, мо дар соли кўҳан ба хеле дастовардҳо ноил гардидем.

Дар соли 2009-ум, ки ин лаҳзаҳо ба интиҳо мерасад ва бо рўйдодҳои хотирмони худ дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони навин бешубҳа, ҳамчун яке аз солҳои бобарор сабт мегардад, мо ба сохтмони иншооти тақдирсози кишвари худ – нерўгоҳи барқи обии Роғун, ки дар ояндаи наздиктарин кишварамонро аз мушкилоти энергетикӣ раҳоӣ хоҳад дод, суръати тоза бахшидем.

Бо бунёд намудан ва пурра ба истифода додани нерўгоҳи «Сангтўда-1» ва хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб – Шимол» ба мо муяссар гардид, ки шабакаи ягонаи энергетикии Тоҷикистонро ташкил карда, мамлакати худро дар фасли тирамоҳу зимистон бо қувваи барқ ба қадри имкон таъмин намоем.

Ба шарофати роҳу пулҳои дорои аҳамияти дохиливу байналмилалӣ, ки солҳои охир сохта, ба истифода дода шуданд, дар соли кўҳан рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар Тоҷикистон хеле зиёд гардид, ки ин на танҳо ба афзоиши иқтидори содиротиву воридотии мамлакат, балки ба беҳбудии вазъи зиндагии мардум низ мусоидат карда истодааст.

Соли 2009-ум барои мо боз аз он ҷиҳат хотирмон аст, ки дар таърихи Тоҷикистон бори нахуст беш аз якуним миллион тонна ғалладона истеҳсол карда шуд ва ин дар таъмини амнияти озуқавории мардум дастоварди назаррас мебошад.

Итминон дорам, ки бо роҳи истифодаи оқилонаву самарабахши замин ва вусъати кишти такрорӣ ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад.

Соли рафтаистода инчунин ба шарофати чорабиниҳои бошукўҳи байналмилалӣ ба ифтихори Соли бузургдошти пешвои мазҳаби аҳли суннату ҷамоат, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит ҳам ба таҳкими худогоҳиву худшиносии халқи мо ва ҳам тақвияти минбаъдаи фарҳанги исломӣ такони ҷиддӣ гардида, ба афзоиши эътибору манзалати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мусоидат намуд.

Ин дастовардҳо, бешубҳа аз ояндаи неки давлати соҳибистиқлол ва миллати тамаддунсозу ободгарамон башорат медиҳанд.

Дар айни ҳол раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ, ки бо манфиатҷўиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварҳои абарқудрат торафт шиддат мегирад, моро водор месозад, ки доир ба сарнавишти давлати соҳибистиқлоламон ва ояндаи Ватанамон, инчунин таъмини зиндагии пурсаодат ва худшиносиву худогоҳии мардуми худ бо дарназардошти нақшаҳои чил-панҷоҳ соли оянда андеша кунем ва амал намоем.

Зеро дар пешорўи мо дар баробари ҳифзи истиқлолияту соҳибихтиёрии давлат ва таҳкими давлатдории миллӣ тақвияти фазои сулҳу субот дар ҷомеа ва идомаи корҳои созандагиву бунёдкориҳои зиёд истодааст.

Бо дарки масъулият дар назди наслҳои имрўзу фардои халқи худ изҳор медорам, ки мо ҳамаи ҳадафҳои неки пешгирифтаамонро тадриҷан амалӣ мегардонем ва он рўз дур нест, ки зиндагии осудаи мардуми сарбаландамон ва ободии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлолро таъмин мекунем.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо – ҳамватанони азиз, ба ифтихори соли нави мелодӣ, яъне соли даҳуми ҳазорсолаи сеюм табрику таҳният гуфта, бароятон хонаи обод, рўзгори хушу осуда ва зиндагии пурфайзу баракат орзумандам.

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520