Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ 10 январи соли 1961 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 1987 Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошкентро бо ихтисоси муҳандис-заминсоз ва соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ хатм намудааст. Номзади илмҳои иқтисод мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1978 ҳамчун коргари совхози Ленини ноҳияи Данғара оғоз намуда, то соли 1995 дар вазифаҳои сармуҳандис-заминсози ноҳияи Комсомолобод, раиси Кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Данғара ва Раиси кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон кор кардааст.

Солҳои 1995-2001 дар вазифаҳои муовини Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз соли 2001 то соли 2008 дар мансаби раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2008-2010 ба ҳайси муовини раиси вилояти Суғд ва солҳои 2010-2013 раиси шаҳри Турсунзода фаъолият намудааст.

Аз соли 2013 то соли 2019 дар мансаби раиси вилояти Хатлон кор кардааст.

Солҳои 2019-2020 дар вазифаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2020 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо ордени «Шараф» дараҷаи I (соли 2006) сарфароз гардонида шудааст.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520