Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони вилоятҳо ва як қатор шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

14.03.2020 10:53, шаҳри Душанбе

Имрӯз ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат ва Файзобод телефонӣ ҳисобот доданд.

Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбаршударо оид ба рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, кишту кори баҳорӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шуниданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат ва Файзобод барои иҷрои босифати саривақтии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати мамлакат, нақшаву барномаҳои давлатӣ дар самти тақвияти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ва кабудизоргардонӣ, киштукорӣ баҳорӣ ба хусус кишти пахтаю сабзавот ва мусоидат ба ҳали ҳар як мушкилоти мардум, таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ, боз ҳам беҳтар гардондани кори муассисаҳои соҳаи маориф, фарҳанг ва тандурустӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки ба муроҷиатҳои шаҳрвандон эътибори аввалиндараҷа дода, бартарафсозии мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаро саривақт таъмин намоянд ва тадбирҳои ободонию бунёдкориро дар қаламрави вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барои тозаю озода  ва беҳдошти муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, кӯчаву хиёбон ва марказҳои фарҳангию фароғатӣ ҷиҳати таҷлили бошукуҳи ҷашни байналмилилалии Наврӯз дастурҳои қатъӣ доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520