ИСМАТУЛЛОЗОДА Ширин Исматулло
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Исматуллозода Ширин 14 марти соли 1970 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1992 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси забоншинос ва соли 2011 бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Доктори илми филология мебошад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1992 ҳамчун коромӯзи кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас то соли 2012 ҳамчун аспирант, ассистенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филология, муаллимаи калони кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филология, муовини декани факултети филология ва сардори Раёсати илм ва навоварии техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2009 -2012 директори Муассисаи нашриявии «Маориф ва фарҳанг»-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аз соли 2014 то соли 2015 дар вазифаи Муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода кор кардааст.
Солҳои 2015-2020 дар вазифаи Директори Коллечи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ фаъолият намудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2020 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.