Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶАББОРЗОДА  Гулрӯ
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶАББОРЗОДА  Гулрӯ  25 декабри соли 1968 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1990 Донишгоҳи полиграфии шаҳри Москваро бо ихтисоси китобшинос-ташкилотчии савдои китобҳо ва соли соли 2010 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ-молиячӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1991 ҳамчун молшиноси базаи яклухти Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Исфара оғоз намуда, сипас то соли 2005 ҳамчун мутахассис, нозири калони шӯъбаи андози нозироти андози шаҳри Исфара ва масъули қарзи Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон дар шаҳри Исфара кор кардааст.

Солҳои 2005-2011 Масъули қарз, менеҷер, директори филиали ФБҚҲ «Имон» ва директори филиали ҶДММ Ташкилоти қарзии хурди «Имон Интернешнл» дар шаҳри Исфара буд.

Аз соли 2011 то соли 2014 дар вазифаи муовини Раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Солҳои 2014-2020 дар вазифаи муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2020 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520