ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъин намудани аъзои Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум
Мутобиқи моддаҳои 49 ва 70 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Шахсони зерин аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таъин карда шаванд:
Раҳимӣ Фарҳод – Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо – раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
Дӯстзода Ҳасан Тағдир – раиси ноҳияи Нуробод;
Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир – раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
Умарализода Мақсудалӣ Умаралӣ – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон;
Ҷабборӣ Бурҳониддини Исҳоқ – мудири шуъбаи маорифи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
15 апрели соли 2020
№1519