Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат

09.06.2020 12:43, шаҳри Душанбе

9 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони шаҳри Панҷакент, ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахшро оид ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ, сабзавот ва мевагиҳо, кишти картошка, ҳолати беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, иҷрои супоришҳо оид ба чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии короновирус ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ шуниданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршуда оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини нақшаи 40 фоиз зиёд кардани майдони кишти картошка, ҷамъоварии саривақтию беталафи ғалладонагӣ, сабзавот, меваҷот, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи аввал, беҳбуд бахшидани вазъи беморхонаҳо, таъмини табобатхонаҳо бо маводи лозимаи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон, тақвият бахшидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ миёни аҳолӣ ва марказҳои иҷтимоию хизматрасонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва паҳншавии бемории сироятӣ бори дигар ба раисони шаҳру ноҳияҳо барои дар ҳар як шаҳру ноҳия бунёд кардани беморхонаҳои сироятӣ супоришҳои қатъӣ доданд.

Ҳамчунин Сарвари давлат дастур доданд, ки мактабҳо ва муассисаҳои томактабиро таъмиру таҷдид карда, ба соли нави хониш омода созанд.

Аз раисони шаҳру ноҳияҳо талаб карда шуд, ки ҳар як оила бояд барои ду сол маводи хӯрокаро дар хонаҳояшон захира намоянд, тамоми иншооти соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакатро ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 тайёр карда, захираи сӯзишворӣ ва маводи хӯрокаро таъмин созанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520