Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

15.06.2020 16:15, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ тағироти кадрӣ ба амал бароварда, кадрҳои ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъингардидаро барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Саиднахш ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ, Муҳсинзода Ғафур ба вазифаи муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ализода Самариддин ва Абдусаматзода Зулфия ба вазифаи муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин карда шуданд. Умарзода Саида аз вазифаи муовини якум, Одиназода Азиз ва Камолзода Мирҳамуддин аз вазифаи муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардиданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддинзода Субҳиддин муовини якум ва Рустамзода Дилафрӯз муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин гардида, Бобошоҳзода Маҳмадшариф ва Бақозода Сайрам аз вазифаҳои муовини якум ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио озод карда шуданд.

Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин намудан ба вазифаи сардори шӯъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони ВМКБ, ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон розигӣ дода шуд.

Дар ҷараёни мулоқот Сардори давлат ба кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазорату идораҳо таъиншударо ба хизмати поквиҷдонона ва азму иродаи қавӣ дар қабули қарорҳои ба манфиати миллату давлат созгор ҳидоят намуданд.

Тарбияи кадрҳои соҳибтаҷриба ва бозомӯзии кадрҳои ҷавон дар муассисаҳои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз мавзӯъҳои асосӣ ва супоришҳои мушаххаси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

«Дар иртибот ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ мо бояд ҳушёру зирак бошем, манфиатҳои миллиро ҳимоя намоем, ба муроҷиатҳои шаҳрвандон саривақт чораҷӯӣ намуда, амнияту суботро дар мамлакат таъмин намуда, иҷрои нақша ва барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳуриро саривақту сифатнок таъмин намоем,»- иброз доштанд Пешвои миллат дар анҷоми мулоқот.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520