Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани марҳилаи аввали «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд»

02.07.2020 07:57, шаҳри Хуҷанд

Рӯзи 2 июли соли равон дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  марҳилаи аввали «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар маҳаллаи Тиллокони шаҳри Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тобонидани ҷумак ба фаъолияти марҳилаи аввали ин шабакаи обрасонӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи аввали ин иншоот, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо дастуру ҳидояти бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд, зиёда аз 15 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои навбунёди 4, 5, 14 ва 15-и шаҳри Хуҷанд бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардид. 

Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ татбиқ гардида, дар марҳилаи аввал барои анҷоми корҳои сохтмонӣ, аз қабили бунёди чоҳҳои амудӣ, ҳавзҳои захираи об, васлу насби таҷҳизот ва қубурҳои қутрашон гуногун бештар аз 16 миллион сомонӣ харҷ шудааст.

Дар доираи татбиқи марҳилаи аввали ин лоиҳа, ки асосан таҷдид ва зиёд намудани иқтидори истгоҳи рақами 4-и Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал»-ро дар бар мегирад,  дар муҳлати се сол 6 чоҳи амудӣ бо чуқурии 180 метр, 4 ҳавзи бузург бо ғунҷоиши 6 ҳазор метри мукааб об, як адад пойгоҳи обкашӣ бунёд  ва  2 ҳазору 900 метр қубурҳои қутрашон аз 355 то 500 миллиметр васл  гардида, ҳамчунин барои фаъолияти муназзами ин шабакаи муосири обрасонӣ ду адад трансформатори тавоноиаш 1000 киловолт-ампер насб ва аз масофаи қариб 14 километр бо истифода аз 46 пояи оҳану бетонӣ хати интиқоли неруи барқ кашида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъулон барои истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида дастуру ҳидоятҳо доданд.

Барои татбиқи лоиҳаи «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд», ки дар маҷмӯъ 4 марҳиларо дар бар мегирад, зиёда аз 100 миллион сомонӣ сарф карда мешавад ва дар солҳои наздик мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ дар шаҳри Хуҷанд пурра бартараф мегардад.

Дар шаҳри Хуҷанд барои таъмини пурраи аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дигар лоиҳаҳо низ мавриди татбиқ қарор доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи дуюми лоиҳаи «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд» бунёди ду ҳавзи бузург - ҳар кадом бо ғунҷоиши 3 ҳазор метри мукааб об, васлу насби қубурҳои ба фишори баланд тобовар ва тақсими оби нӯшокӣ дар дохили маҳаллаҳо бо истифода аз қубурҳои қутрашон аз 75 то 400 миллиметраро дар бар мегирад.

Дар марҳилаи сеюм ва чорум бошад, кашидани хати оби нӯшокӣ бо қубури қутраш 1000 миллиметра аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд дар назар аст, ки масофаи он 18 километрро дар бар мегирад.

Бо татбиқи ҳамаҷонибаи ин лоиҳа дар маҷмӯъ 10 ҳавзи бузурги захираи об ва дигар иншооти зарурӣ бунёд гардида, наздики 50 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо оби тозаи ошомиданӣ пурра таъмин карда мешавад.

Сокинони шаҳри Хуҷанд ин иқдоми наҷибонаро ғамхории навбатии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва самараи татбиқи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520