Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Хоҷагиҳои деҳқонии “Файзи деҳқон” ва “Файзи Ҳоҷӣ”-и шаҳри Ҳисор

22.07.2020 09:16, шаҳри Ҳисор

22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор аз хоҷагиҳои деҳқонии “Файзи деҳқон” ва “Файзи Ҳоҷӣ” дидан намуда, бо нашъунамои зироат аз наздик шинос шуданд.

Нахуст Роҳбари давлат бо фаъолияти кишоварзони Хоҷагии деҳқонии “Файзи деҳқон” ошно шуда, бо аҳли заҳмат суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии “Файзи деҳқон” 1,35 гектар заминро дар бар гирифта, аҳли заҳмат ба парвариши навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ машғуланд. Бо истифода аз маслиҳати мутахассисон ва риояи меъёрҳои агротехникӣ, коргарони хоҷагӣ ҳамасола ҳосили хуб ба даст оварда, дар таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти хушсифат нақши худро мегузоранд.

Имсол хоҷагидорон дар кишти асосӣ карам, боимҷон ва гулкарам корида, аз 0,25 гектар замини кишти карам 8 тонна маҳсулот ба даст оварданд. Ҳамчунин 0,30 гектари дигар барои парвариши картошка истифода гардида буд ва кишоварзон тавонистанд аз ин ҳисоб 7,5 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намоянд. Ҳамин гуна нишондиҳандаҳои чашмрас дар самти парвариши дигар номгӯи зироатҳо низ мавҷуд аст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки аҳли заҳмати хоҷагӣ ба масъалаи самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва рӯёнидани чанд ҳосил диққати хоса дода, айни ҳол кишти такрории карам, гулкарам, картошка ва  боимҷонро сомон медиҳанд.

Ҷиҳати таъмини бозорҳои мамлакат бо сабзавоти барвақтии тару тоза, Хоҷагии деҳқонии “Файзи деҳқон” фаъолияти гармхонаҳоро роҳандозӣ намудааст. Масоҳати умумии майдони гармхона дар хоҷагӣ 0,65 гектарро дар бар мегирад ва дар он парвариши бодирингу помидор ба роҳ монда шудааст. Хоҷагидорон аллакай 25 тонна помидор ва 10,2 тонна бодиринг ҷамъоварӣ намуда, ба бозорҳои шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода пешниҳод карданд.

Дар Хоҷагии деҳқонии “Файзи Ҳоҷӣ” бошад, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки имсол кишоварзон дар кишти асосӣ парвариши картошка, пиёз, карами барвақтӣ, гулкарами барвақтӣ, гандум ва пахтаро роҳандозӣ карданд. Дар маҷмӯъ хоҷагӣ 3 гектар заминро дар ихтиёр дошта, баъди ҷамъоварӣ намудани ҳосили барвақтӣ дар қисме аз заминҳои холишуда аллакай кишти такрорӣ гузаронидаанд. Дар кишти такрорӣ бошад, дар масоҳати 0,40 гектар карам, 0,10 гектар картошка ва 0,80 гектари дигар ҷуворимаккаи дон коридаанд. 

Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки аз майдони 0,75 гектар замини пиёз аҳли заҳмат 45 тонна маҳсулот ба даст оварда шуд, ки ин нишондиҳандаи хуб ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин ҳосилнокии ҳар гектар майдони кишти картошка 262 сентнер, карами барвақтӣ 370 сентнер ва гандум 50 сентнерро ташкил медиҳад. Имсол хоҷагидорон дар масоҳати 0,60 гектар пахта кишт намуда, дар майдони 0,50 гектари дигар беда низ коридаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид кишоварзонро вазифадор намуданд, ки ба хотири рӯёнидани ҳосили баланд ва гузаронидани чанд кишт меъёрҳои агротехникиро ҳамаҷониба риоя намуда, заминро самаранок истифода баранд, зеро дар чунин вазъияти ногувор, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, истифодаи оқилонаи ҳар порча замин ва рӯёнидани чанд ҳосил аз як замин метавонад бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намуда, эҳтиёҷоти аҳолиро бо  маводи ғизоӣ қонеъ созад.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуданд.

 Аҳли заҳмат номгӯи гуногуни маҳсулотро, ки маҳсули заминҳои ҳосилхези хоҷагиҳо мебошад, муаррифӣ карда, оид ба дастовардҳо ва рушди соҳаи кишоварзӣ маълумот доданд. Аз ҷумла, дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни сабзавот, зироати ғалладонагӣ ва полезӣ манзур карда, сокинон имкониятҳои худро дар соҳаҳои занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ ва фабрикаҳои мурғпарварӣ муаррифӣ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо роҳандозии тадбирҳои саривақтӣ имсол дар шаҳри Ҳисор истеҳсоли тухми мурғ 90 ҳазор дона ва истеҳсоли асал 38,7  тонна афзоиш ёфтааст. Айни замон дар шаҳр 9 адад корхонаи парандапарварӣ фаъолият дорад, ки 8-тои он дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин хоҷагиҳои чорвопарвар зотҳои гуногуни чорворо ба намоиш гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Ҳисор соҳаи чорвопарварӣ низ рушд карда, тибқи натиҷагирии нимсолаи аввали соли 2020 192 ҳазору 269 сар чорво зиёд гардидааст. Дар фермаҳои ширию молии хочагиҳои чорвопарвар асосан чорвои зоти “Сиёҳалои тоҷикӣ”, “Голштайн” ва зоти нави “Сементал” нигоҳубин карда мешавад.

Аснои боздид аз намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷамъоварии зироатҳо ва гузаронидани кишти такрорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин самт ба масъулин дастур ва маслиҳатҳои муфид доданд.

То имрӯз дар шаҳри Ҳсиор аз майдони 4 ҳазору 659 гектар замин аллакай ғалла ҷамъоварӣ гардида, ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 26,7 сентнериро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии картошка ва пиёз бошад, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, то имрӯз аз майдони 84 гектар картошка ва 281 гектар пиёз ғунучин гардидааст. Тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат айни ҳол дар майдони 756 гектар кишти такрории зироатҳои гуногуни кишоварзӣ идома дорад. Кишоварзон дар кишти такрорӣ асосан парвариши ҷуворимаккаи дон, шолӣ, лӯбиёгӣ, зироатҳои техникӣ, картошка, сабзавот ва хӯроки чорворо ба роҳ мондаанд.  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ ба фаъолияти пурсамари кишоварзони шаҳри Ҳисор баҳои баланд дода, барои самаранок истифода бурдани ҳар порча замин, зиёд намудани майдони кишт ва дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, ҳамчунин барои афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ба хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520