Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.07.2020 19:28, шаҳри Душанбе
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  30.07.2020

30 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода “Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” шунида шуд.

Таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2023 вазъи иқтисоди ҷаҳон ва кишварҳои ИДМ, шарикони асосии тиҷоратии кишвар ва дигар мамлакатҳои олам дар робита ба паҳншавии бемории нави сироятии короновирус, тағйирёбии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии молию ашёӣ ва тамоюли рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ дар солҳои охир, аз ҷумла дар моҳҳои январ-апрели соли 2020 ба инобат гирифта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи бемории сироятии короновирус ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ба хотири рафъи камбудию мушкилоти пешомада аз тамоми имконот васеъ ва самаранок истифода бурда, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истеҳсолу захираи маводи кофии озуқаворӣ ба роҳ монанд.

Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ”, Дар бораи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020-2024 ва Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024-ро муҳокима карданд.

Дар маҷлиси Ҳукумат Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намудани солҳои 2020-2040” ҳисоботи вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода ва Дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҳисоботи раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид шунида шуд.

Ба Ҳукумати мамлакат ва вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пандемияи короновирус дар муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар захираи зарурии маводи дорувориро таъмин кунанд, ба хотири пешгирии мавҷи дуюми паҳншавии бемории короновирус табибонро аз бозомӯзӣ гузаронанд ва дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарӣ гигиэнӣ ҷоннок намоянд.

Дар охири кори маҷлис Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишварро ба ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз, иҷрои супоришҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои таъмини нақшаи кишти такрорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, омодагии муассисаҳои таълимии кишвар ба соли нави хониш, вобаста ба камобии имсола сарфакорона истифода кардани нерӯи барқ баҳри рафъи мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистода ва бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, захираи кофии маводи сӯхт ва хӯрокворӣ, дастгирии табақаи ниёзманди кишвар дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ, ҷалб карда, аз ҳамаи масъулини сохторҳои давлатӣ иҷрои ҳатмии онҳоро талаб намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520