Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

10.08.2020 15:28, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Александр Григоревичи гиромиқадр,

Лутфан самимонатарин табрикоти моро ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади давлатии олии Ҷумҳурии Беларус қабул фармоед.

Ғолибияти Шумо дар интихоботи президентӣ гувоҳи аз ҷониби ҷомеа эътироф гардидани саҳми бузурги Шумо дар рушду таҳкими асосҳои соҳибихтиёрии давлати Беларус буда, дурустии сиёсати дурандешонаи дар ин роҳ интихобкардаатонро, ки пайгирона ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар ва обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, таъкид менамояд.

Боиси хушнудии ин ҷониб аст, то фаъолияти муштараки анҷомёфтаи моро ҷиҳати тавсеаву таъмиқи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Беларус, ки имрӯз дар сиғаи шарикии стратегӣ ба таври муваффақона густариш ёфта истодаанд, зикр намоям.  

Мо нисбати ояндаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду давлат дидгоҳи неку умедбахш дошта, вазифаи асосиро барои давраи пешомад дар ғанигардонии самарабахши онҳо бо намунаҳои созандаи ҳамкориҳо бар нафъи мардумонамон мебинем. 

Сидқан ба Шумо сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Беларус сулҳу субот ва пешравию шукуфоӣ орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520