Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров дар шаҳри Хоруғ

21.08.2020 10:16, шаҳри Хоруғ
Ифтитоҳи бинои Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров дар шаҳри Хоруғ  21.08.2020

21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ, дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳавкавии ба номи Меҳрубон Назаровро барои 1000  ҷой нишаст ифтитоҳ бахшиданд.

Санги асоси бунёди бинои 3-ошёнаи Театри вилоятӣ соли 2015-ум аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти фарҳангӣ аз соли 2016-ум шурӯъ гардида буд.

Президенти мамлакат бунёди ин кохи муҳташами фарҳангиро дар маркази вилоят - шаҳри Хоруғ дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли санъату фарҳанги “Боми ҷаҳон” армуғони арзишманд номиданд.

Фармоишгари бунёди театри вилоятӣ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкори иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд” мебошанд.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 150 нафар сохтмончиёну меъморони касбии маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, биноро бо риояти талаботи ҳозиразамон бунёд кардаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба санъати баланди меъмории миллии бинои театр, ки аз ҷониби устоҳои чирадасти мамлакат бо усули ҳозиразамони сохтмонӣ зебу зинат ёфтааст, баҳои баланд доданд.

Тибқи  лоиҳа, театри вилоятӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 0,54 садяк замин қомат афрохтааст. Дар таҳхонаи бинои театр толорҳои машқу тамрини ҳунармандон, толорҳо барои гузаронидани дарсҳо пешбинӣ гардидааст, ки барои фаъолияти  назарраси ҳунармандон заминаи воқеӣ мегузорад.

Дар ошёнаи якуми бино миёнсарой, толори асосӣ барои саҳна, хонаҳои маданият бо утоқҳои либосивазкунӣ ва ҳуҷраҳои санитарӣ ҷойгир карда шудаанд. Дар толори асосии театр барои тамошобинон 1000 ҷойи нишаст фароҳам оварда шудааст.

Саҳнаи театри мазкур бо нақшу нигори миллии мардуми соҳибтамаддуни тоҷик гаҷкорӣ шуда, барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ мусоид мебошад. Дар ошёнаҳои 2-юм ва 3-юми бино ҳуҷраҳои маъмурияти театр, утоқҳои корӣ ва фароғати ҳунармандон ва устохонаҳои дӯзандагӣ ҷойгир шудааст.

Ҳудуди бинои театри вилоятӣ бо тахтасангҳои мармарини истеҳсоли коргоҳҳои вилоят ороиш ёфтааст.

Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти замонавӣ дар шаҳри Хоруғ ба баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти аҳли фарҳангу санъати вилоят равона гардидааст ва ба тарҳи меъмории шаҳр низ зебогии  дигар зам намуд.

Роҳравҳои бино бо маҳсулоти коргоҳҳои ватанӣ зинат дода шуда, бо усули ҳозиразамони сохтмонӣ ҷолибу диданӣ офарида шудааст.

Атрофи театр пурра гулкорӣ ва бо сутунпояҳои равшанидиҳанда чароғон  шуда, шабонгоҳ ин макон ба сайругашти ҳақиқии сокинони шаҳри Хоруғ табдил ёфтааст.

Пас аз боздид ва шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои бинои нав, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги театр бо аҳли фарҳанг мулоқоти самимӣ доир намуда, барномаи таҳиякардаи санъаткорони вилоятро тамошо карданд.

Ҳангоми суханронӣ Пешвои миллат фарҳангро оинаи рӯзгори ҳар як халқу миллат маънидод намуда, зикр карданд, ки рушди соҳаи фарҳанг дар меҳвари сиёсати роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Аҳли фарҳанги вилоят ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди чунин иншооти бузург, ки василаи хуби ҳифзи фарҳанги бузурги халқи тоҷик аст,  изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Бо истифода аз толорҳои барҳаво ва утоқҳо барои машқу тамрин, ҳунармандони касбии театри вилоятӣ имконият доранд, минбаъд барномаҳои гуногун ва намоишномаҳои ҷаззобу диданиро пешниҳоди тамошобинони закӣ гардонанд.

Пас аз суханронии Сарвари давлат аҳли санъати вилоят барномаи хуби фарҳангии тараннумкунандаи сулҳу ваҳдати ҷовидонаи тоҷикон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии давлатро,  пешкаш карданд, ки бисёр ҷолибу диданӣ буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои санъаткорону ҳаваскорони вилоят, ки бори аввал дар саҳнаи театри навбунёд чунин барномаи  тамошобобро таҳия намуданд, баҳои баланд доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520