Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

31.08.2020 14:02, шаҳри Душанбе

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар рафти суҳбати телефонӣ Сарвари давлати мо Александр Лукашенкоро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрику муборакбодӣ кард.

Дар чорчӯбаи суҳбат ҷонибҳо як қатор масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла вазъи имрӯзаи Беларус ва ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистону Беларусро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн Пешвои миллат дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Беларусро тайи давраи соҳибистиқлолӣ дар роҳи рушд ва бунёди давлатдорӣ қайд карда, ба мардуми дӯсти Беларус сулҳу суботи пойдор, некӯаҳволӣ ва пешрафти босуботи минбаъдаро орзу намуд.

Ҳамчунин,  аҳаммияти рушди беш аз пеши ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистон ва Беларус дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қайд карда шуд ва Президентҳо рағбати худро ба таҳкиму тавсеаи ҳамаҷонибаи онҳо бар нафъи мардумони ду кишвар таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520