Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани маҷмааи хизматрасонии “Ваҳдат” дар ноҳияи Зафаробод ва тақдими тӯҳфа ба 40 нафар ятим

13.09.2020 09:08, ноҳияи Зафаробод
Ба истифода додани маҷмааи хизматрасонии “Ваҳдат” дар ноҳияи Зафаробод ва тақдими тӯҳфа ба 40 нафар ятим  13.09.2020

13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд маҷмааи хизматрасонии “Ваҳдат”-ро, ки аз тарафи соҳибкори ҷавон Дилшод Раҳматуллоев бо дастгирӣ ва маслиҳати падараш дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст, ба истифода доданд.

Корҳои сохтмони иншооти мазкур 10 - сентябри соли 2019 оғоз гардида, он дар муддати як сол бо ҷалби сохтмончиёну мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯйи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом пазируфт.

Барои корҳои бунёдӣ 16 нафар сохтмончиён ҷалб гардида, бо маош ва шароити хуби корӣ таъмин буданд.

Ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи хизматрасонии “Ваҳдат” аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати умумии 931 метри мураббаъ қомат афрохта аст.

Ошёнаи якуми бино ҳамчун маркази савдо ва хизматрасонӣ, ошёнаи дуюм ҳамчун мағозаи фуруши дастгоҳу таҷҳизоти варзишӣ ва дигар хизматрасониҳо пешбинӣ гардида, таҳхонаи он ҳамчун анбори нигоҳдории маҳсулоти хурокворӣ ва дигар ашёи зарурӣ истифода мешавад.  

Дар мағоза ҳамагуна маҳсулоти ниёзи мардум, аз ҷумла маводи хурока, мевагиҳо, шириниҳо, маҳсулоти гушту ширӣ, маҳсулоти нонӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум фаровон аст.  

Лозим ба таъкид аст, ки иншооти мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди марказҳои хизматрасонии хуштарҳу замонавӣ ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд гардидааст. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани он 15 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 40 нафар ятимон, 17 нафар духтар ва 23 нафар писар, ки бо амри тақдир аз падар ва ё модар ятим мондаанд, суҳбату мулоқоти самимимона анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили сару либоси мактабӣ, либосҳои зимистона, шириниҳо ва туҳфаҳои пулӣ тақдим намуданд, ки боиси шодиву нишоти онҳо гардид.   

Мутобиқи маълумот шумораи ятимону бепарасторон дар ноҳияи Зафаробод 218 нафарро ташкил намуда, аз ин 12 нафар ятими кулл мебошанд ва ҳамаашон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҳсилу тарбия фаро гирифта шудаанд.

Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ин қишри ниёзманди ҷомеа бе пушту паноҳ намемонанд ва давлату Ҳукумати мамлакат ҳамеша баҳри дастгирии онҳо кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ медиҳад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Пешвои муаззами миллат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 7 маротиба ба ноҳияи Зафаробод ташриф овардаанд ва зимни ҳар як сафарҳои кориашон бо ин қишри ниёзманди ҷомеа суҳбату вохуриҳои самимона анҷом дода, аз ҳолу аҳволашон бохабар мешаванд.

Чунин амали хайр аз хислатҳои неки инсонӣ маҳсуб ёфта, боиси рӯҳбаландӣ ва шодиву нишоти ятимону бепарасторон мегардад.

Имрӯз аз чеҳраи ятимону бепарасторони ноҳия аён буд, ки онҳо Президенти маҳбуби худро, ки пайваста дастгириашон менамоянд, бе саброна интизор буданд.

Ҳангоми суҳбати озоду самимӣ Сарвари давлат ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид дода, таъкид доштанд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда илмҳои замони муосирро аз бар намуда, ҳамчун фарзандони бо нангу номуси Ватан ба воя расанд.

Кудакон дар навбати худ ваъда доданд, ки дастуру маслиҳатҳои падаронаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти рӯзмараи худ қарор дода, оянда ҳамчун ватандорони асил ба воя мерасанд ва саҳми худро дар боз ҳам гулгулшукуфон гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол мегузоранд. Зеро онҳо худро дар зери сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳеҷ гоҳ танҳо эҳсос намекунанду пуштибони ҳақиқии худро доранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520