Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус” дар ноҳияи Шаҳритус баъд аз таъмиру азнавсозӣ

22.09.2020 09:54, ноҳияи Шаҳритус
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус” дар ноҳияи Шаҳритус баъд аз таъмиру азнавсозӣ   22.09.2020

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”, ки таъмиру азнавсозӣ гардидааст, боздид ба амал оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус” бо масоҳати 3,17 гектар дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус бунёд гардидааст.

Лозим ба таъкид аст, ки иқдоми навсозии ин боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи даст гирифта шуда, натиҷаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад.

Ин боғ як гӯшаи ноободи ноҳияи Шаҳритус буд ва дар заминаи тадбирҳои созандагиву  бунёдкорӣ, ба як мавзеи зебову назаррабо табдил ёфт. Дар он барои истироҳат ва сайругашти сокинону меҳмонони ноҳияи Шаҳритус шароити хубу муносиб фароҳам оварда шудааст.

Дар маркази боғи мазкур муҷассамаи қаҳрамони ҳамосавӣ - Тус, ки дар “Шоҳнома”-и шоири бузурги тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ёдоварӣ мешавад, гузошта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парда аз болои муҷассамаи паҳлавони бостонӣ бардошта, сокинони ноҳияро бо мавриди истифода қарор гирифтани он табрику муборакбод гуфтанд.

Муҷассамаи Тус ва ду шери дар паҳлуяш бударо, ки рамзи қудрату ҷасорат мебошад, ҳайкалтарошони бомаҳорат аз сангҳои ороишии кишвар сохтаанд.

Дар доираи лоиҳаи таҷдиду азнавсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”-и ноҳияи Шаҳритус дарвозаи он бо навиштаҷот аз нав карда шуд. Ҳамчунин қаҳвахонаи куҳнаи он, ки “Афсона” ном дорад, таъмир гардида, боз як қаҳвахонаи дигар бо номи “Наврӯз” бунёд шуд. Ҳар ду қаҳвахона дар як вақт метавонанд ба беш аз 80 нафар хизмат расонанд. Тибқи лоиҳа, дар ин боғ як ошхонаи ба таври замонавӣ сохташуда барои зиёда аз 50 нафар ва чойхона низ сохта мешавад. 

Дар боғ ду фаввора сохта шудааст, ки калонтарини он 22 метр дарозӣ ва 4,5 метр паҳноӣ дорад. Дарозии фаввораи дуюм 3 метр буда, паҳноиаш ба 3 метр мерасад.

 Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”-и ноҳияи Шаҳритус чароғҳои замонавӣ ва гуногуншакл насб карда шудааст. Шабона ин боғ макони афсонавиро мемонад ва ба ҳусни ноҳия зебогии дигар зам мекунад.

 

Амфитеатри боғи мазкур низ аз таъмир бароварда шуда, барои баргузории барномаҳои фарҳангӣ макони мувофиқу муносиб гардид. Қаблан амфитеатр 150 ҷойи нишаст дошт. Баъд аз таъмиру навсозӣ шумораи ҷойҳои нишаст дар он ба 400 расид. Ҳамчунин дар он ду ҳуҷра барои ҳунармандон мавҷуд мебошад. Дар гӯшаи дигари Амфитеатр барои пешниҳоди барномаҳои ҳунарӣ саҳнаи фароғатӣ бо 400 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Дар қисми дигари боғ бинои маъмурии муассиса бунёд шудааст, ки он дорои 4 утоқи корӣ мебошад. Дар маҷмӯъ баъд аз таъмиру азнавсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”-и ноҳияи Шаҳритус беш аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони ноҳияи Шаҳритус дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ атраксионҳои гуногун насб гардидаанд.

Бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, дар боғ майдонча барои бозии футболи хурд, волейбол, тенниси рӯйи миз, ҳавзи шиноварӣ, толори обу тоби бадан, тир ва толори саққобозӣ низ сохта шудааст. Дар майдончаи варзишии боғ имкони хуби баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ вуҷуд дорад.

Дар доираи корҳои ободониву зебогардонӣ дар боғ беш аз ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 10 ҳазор гулҳои рангоранг шинонида шудааст. Инчунин пайкараи ҷонварони гуногун, аз қабили шутур, бузи кӯҳӣ, хирс, товус, уқоб, кабку харгӯш ва амсоли ин васл карда шудааст, ки ҳусни боғро боз ҳам зеботар мегардонанд.  

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520