Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Восеъ Саноат” дар ноҳияи Восеъ

24.09.2020 08:11, ноҳияи Восеъ
Ба истифода додани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Восеъ Саноат” дар ноҳияи Восеъ   24.09.2020

Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ ҳамчунин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Восеъ Саноат”-ро барои истеҳсоли шифери азбестӣ ифтитоҳ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пардабардорӣ ва пахши тугма ба фаъолияти корхона оғоз бахшида, бо иқтидор ва имконоти истеҳсолии коргоҳи навбунёд аз наздик шинос шуданд.

Дар ҷараёни сохтмон ва васлу насби таҷҳизот, ки истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, наздики 10 нафар ба кор ҷалб шудаанд.

Айни ҳол дар корхона 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Дар ҷараёни шиносоӣ бо иқтидори истеҳсолӣ, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхона давоми як шабонарӯз аз 1000 то 1200 дона шифери азбестӣ истеҳсол мешавад.

Иқтидори солонаи тавлидоти маҳсулот бо дарназардошти талабот ва фармоиш 100 ҳазор дона шифери азбестиро дарбар мегирад.

Корхонаи истеҳсоли шиферҳои азбестӣ тавассути технологияи компютерӣ идора шуда, маҳсулоти он аз руи услуби хос омода мешавад, ки сифати баландро соҳиб аст.

Масъалан баъди омезиши ашёи хом ва коркарду ба шаклдарорӣ, аллакай маҳсулоти тайёр дар зарфи махсус бо истифода аз об мустаҳкам гардонида мешавад.

Корхонаи истеҳсоли шиферҳои азбестӣ бо истифода буғхонаи махсус амал намуда, сарфаҷуии нерӯи барқро  таъмин менамояд.

Тавре иттилоъ дода шуд, барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ҳамагӣ 20 фоиз аз маҳсулоти воридотӣ истифода гардида, 80 фоизи ашёи хом бо такя ба маҳсулоти ватанӣ таъмин карда мешавад.

Дар марҳилаи аввал, корхона танҳо ба истеҳсоли шиферҳои азбестӣ нигаронида шудааст, тибқи иттилоъ оянда дар заминаи тақвияти иқтидори истеҳсолӣ ва ҷорӣ кардани хатҳои иловагӣ талаботи сокинони шаҳру ноҳияҳо ба маҳсулоти хушсифати ватанӣ таъмин карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз 1993 то соли 2020 ба ноҳияи Восеъ 16 маротиба сафар намудааст.

Дар заминаи ин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳилаи рушд сурат гирифт, дар 5 ҷамоату шаҳраки ноҳияи Восеъ зиёда аз 30 иншооти таъиноти гуногун бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода шудаанд, ки муддатҳои тӯлонӣ ба халқ хизмат хоҳанд кард.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520