Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ

24.09.2020 08:36, ноҳияи Восеъ
Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ   24.09.2020

24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъро ифтитоҳ карданд.

Иншоот аз се ошёна иборат буда, дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ҳулбук бо тарҳи муосир бунёд гардидааст.

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ дорои 7 утоқи корӣ, ду маҷлисгоҳ бо 70 ҷойи нишаст, як ҳуҷра барои қабулгоҳи ҷамъиятӣ, ду ҳуҷра барои меҳмонон, китобхона, ошхона ва дигар утоқҳои зурурӣ буда, дар он барои кормандон имкони созгори фаъолият муҳайё карда шудааст.

Ҳамзамон ба хотири саривақт ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ба анҷом расонидани масъулияти бардӯшдоштаи кормандон бино бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Аснои ба истифода супоридани иншоот ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бештари кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъро ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар ташкил медиҳанд.

Барои ободу зебо гардонидани атрофи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ниҳоли сояафкану ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шудааст, ки ба ҳусни як гӯшаи шаҳраки Ҳулбук зебогии дигар зам мекунад.

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъро соҳибкорону шахсони саховатпешаи ватанӣ дар доираи пуштибонӣ аз сиёсати созандаву муваффақонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи муосир бунёд намудаанд.

Ба истифода супоридани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ва фароҳамсозии имкони созгори фаъолият ҳавасмандии кормандонро ба миён оварда, онҳо иқдом гирифтаанд, ки бо пуштибонӣ аз ташаббусҳои наҷибу созандаи Роҳбари муаззами Ҳизб дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми худро гузоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520