Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ

24.09.2020 09:43, ноҳияи Восеъ
Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ   24.09.2020

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои 3 - ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, бо буридани лентаи рамзӣ мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур моҳи июни соли 2019 оғоз гардида, дар давоми як сол иншоот бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.

Иншоот дар маркази ноҳия қомат афрохта, барои кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ноҳияи Восеъ шароити хуби зиндагӣ фароҳам оварда шудааст.

Бинои мазкур дорои хонаҳои ду ва сеҳуҷрагӣ буда, дар он шароити арзандаи истиқомату истироҳат фароҳам оварда шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо калиди хонаҳои истиқоматиро ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Восеъ супориданд ва бо шароити муҳайёгардида, дар он ҷо шинос гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои кормандони соҳа табрик намуданд.

Президенти мамлакат кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва ҳифзи сулҳу суботи он ҳидоят намуданд.

Воқеан бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот шароити арзандаи кор ва истиқомат фароҳам оварда мешавад.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520